Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи Ҳафта: Шаҳри орзуву ормон ва маҳсули номусу орият


Шаҳри Душанбе, бо ҳудуди камокон як миллион нуфуз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо замоне, ки ин шаҳр ба унвони пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд, ба шаҳодати таърихшиносон як қарияи начандон бузурге бо ҷамъияти наздики 10 ҳазор буд. Ба ривоёти мухталиф, ин қария як маркази тиҷорӣ ва табодули мол дар водии Ҳисор ба шумор мерафт, ки мардумони атрофи он дар рӯзи душанбеи ҳар ҳафта моли худро дар ин маҳал ба муомила мебароварданд ва аз ин ҷо номи онро Душанбе гуфтаанд. Дар ҳаштод соли қабл замоне, ки таъсиси Тоҷикистон бо марказияти Душанбе эълон шуд, бархе аз рӯзномаҳои Маскав навиштанд, дар нақшаи сиёсии дунё як давлати мухтор падид омадааст, ки пойтахти он як қария мебошад ва номаш Тоҷикистон.

Аз Мӯъмин Қаноат шоири донишманди тоҷик мепурсам, ки ба чӣ далел маҳз Душанбе пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд, дар ҳоле, ки дар он замон марказҳо ва шаҳрҳои муҳимтаре дар қаламрави ҷумҳурии мухтор вуҷуд дошт:
"Дар он вақт Қалъаи Ҳисор ва атрофи ин қалъа маъмул ва обод буд нисбат ба ҷойҳои дигар ва метавонистанд, ки ҳамчун пойтахт интихоб шаванд, вале сабаб камии об буд, барои як шаҳри ҷадид ва пойтахти нав. Ин ҷо ки рӯдхона аст, Кофарниҳон ва Душанбе ба ин хотир аз назари иқлим аз назари об баргузиданд, якеш Кофарниҳон буд, яке дигараш Ҳисор буд ва якеш Душанбе. Аз ин се мутахассисони Русия ҳаминҷоро интихоб карданд."

Тоҷикон то соли 1924 Самарқанд ва Бухороро ба унвони марокизи расмии фарҳангӣ ва сиёсии худ медонистанд. Аммо талош дар пайи тақсимбандиҳои маъмурӣ ва ҳудудӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нав дар қаламрави Аморати Бухоро ба муборизоти қавмӣ ва миллӣ доман зад. Ва рӯшанфикрон ва пешвоёни сиёсии тоҷик дар ду шаҳри Самарқанд ва Бухоро ва соири марокизи дигари тоҷикӣ дар гирудорҳо ва тақсимоти ҳудуд шикаст хӯрданд. Ва ҳеҷ як аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва сиёсӣ дар қаламравии Аморат дар асари тақсимоти ҳудудии зери назари Кремл насиби тоҷикон нашуд. Аз ҷумла Самарқанд ва Бухоро. Ва Душанбе як гуна нишони орият аз ин додуситади ноодилонааст, ки зиёиёни шикастхӯрдаи тоҷик дар пайи аз даст додани марказҳои таърихии худ бо орзуи эъмори як Бухорои дигар ба ҳайси маркази миллӣ ва фарҳангии худ камар бастанд. Аммо Бухоро ҳамчунон қиблаи роз буд ва ҳаст:
Ки то қиёми қиёмат дилам бухороист,
Чу модаре, ки ҷудо гашта аз ду фарзандаш.


Доктор Аксаралӣ Раҷабов - ходими Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз талошҳои созандагони Душанбе мегӯяд:
"Дар фазои холӣ ба хотири ормонҳои таърихии худ як маркази нави сиёсӣ ва фарҳангиро мебоист эҷод кард. Шахсиятҳои сарсупурда ва ватанпараст тамоми орзуву ниятҳои худро ба Душанбе пайвастанд. Дар дигар марказҳои фарҳангӣ тамоми хонаву ҷойи худро гузоштанд ва бо ҳама мушкилоту тазъйиқу таъқибҳо омаданд, ки дар ин як рустои Душанбе таърихи минбаъдаи тоҷикон ва маъвои ояндаи тоҷиконро дар ин ҷо эҷод кунанд.»

Дар воқеъ ба шаҳодати далоили таърихӣ аксари зиёиён ва рӯшанфикрони тоҷик аз шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба Душанбе барои ҳамеша кӯч бастанд ва дар амри таъсиси пойтахти нави миллӣ саҳм гирифтанд, ки саромади онҳо Садриддин Айнӣ буд. Айнӣ дар соли 1925 бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» барои Маскав мавҷудияти халқе бо номи тоҷиконро ба гунае собит ва заминаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам кард. Ва ба ин тартиб мӯҳре низ бар лаби нирӯҳои пантуркисти мухолифи таъсиси Тоҷикистон зада шуд. Аммо Мӯъмин Қаноат далоили дигаре низ дар заминаи мусоидат ҷиҳати рушди Душанбе ба унвони як маркази маданӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баъди таъсиси Тоҷикистонро мебинад:
"Сохтмони шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти баъди ҷумҳурии мухтор эълон шудани Тоҷикистон як амри қонунӣ буд ва аз тарафи ҳукумати шӯравӣ дастгирӣ мешуд. Онҳо аз таърих медонистанд, ки форсизабонон қаламрави бисёр бузурге доранд, аз марзҳои Чин то Ироқу аз Халиҷи Форс то Қафқозу то ин ҷойҳо. Ва олимону сиёсатмадорони рус хеле кӯшиш ҳам карданд, ки ин шаҳрро шаҳри ҷадид ва имрӯз поягузорӣ кунанд, то нуфузи ӯ зиёдтар бошад дар олами форсизабон."

Ба ҳамин тартиб Душанбе шаҳри орзуву ормон, маҳсули орият, номус ва рақобат бар асари фурӯпошии шӯравӣ шоҳиди ҷанг ва саҳнаи талош гашт, аммо ба эътиқоди бисёре аз донандагони таърихи навин дар гирудорҳои баъди фурӯпошии шӯравӣ ва рақобатҳои дубораи нуфуз дар минтақа, на танҳо ба пойи худ истод, балки ба унвони рамзи қудрати сиёсии миллати тоҷик пирӯз низ шуд. Ва бо рағми ҳама нобасомонӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва бо ин вуҷуд, ки сокинонаш дар соҳили рӯдхонаи Варзоб, ё Душанбе аҳёнан ташналаб низ мемонанд, аммо ҳамчунон яке аз марокизи муҳими рушди мерос, фарҳанг, ҳунар ва забони форсӣ дар дунёст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG