Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни боронии Душанбе


Ҷашни 80-солагии пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе субҳи 20 ноябр аз гулгузории мақомоти ҳукуматӣ ва меҳмонон ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии пойтахт оғоз ёфт. Бо вуҷуди абриву боронӣ будани рӯз мардуми зиёд, зиёиён ҷавонону наврасон ва дигар сокинони пойтахт дар майдон ҷамъ омада буданд.
Ба дунболи табрикоти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва шаҳрдори пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев чорабиниҳои ҷашнӣ, аз ҷумла сафороии варзишкорон, намоиши тетри таҳти унвони "Дирӯз, имрӯз ва фардои пойтахт" ва карнавал намоиш дода шуд.
Саъдулло Муқимов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки беш аз ним аср сокини Душанбе будааст, таасуроти худро аз таҷлили солгарди пойтахт шаҳри Душанбе чунин баён дошт: "Агар мардуми мо ҷавонони ба ору номус ин кишварро обод кунанд, пас мо мегӯем, ки меҳнатҳои кардаи мо беҳуда набудааст."
Собир Шамсиддинов яке аз сокинони пойтахт бар ин аст, ки хуб буд агар ҳукумат дар баробари маблағҳои зиёдеро масрафи чунин ҷашнҳо намудан, корхонаву иншоотҳои аз кор бозмондаро низ фаъол кунад, то барои мардуми бекори пойтахт ҷойҳои нави корӣ фароҳам ояд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG