Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон шуд


Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон ҷойи аввалро ишғол кард. Бино ба иттилоъи Маҳмуди Абдулло - дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонии устодони самбо, ки дар қасри варзиши «Самандар-асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода тӯли ду рӯз идома кард, беш аз 200 гуштигири синнашон аз 35 то 65-сола аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Гуштигирон мувофиқи синну соли худ дар шаш гурӯҳ дар ҳафт вазн рақобат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумораи 74 нафар анқариб нисфи медалҳои мусобиқотро соҳиб гашт ва миёни дастаҳо ғолиб омад. Мизбонон ҳамагӣ 61 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Русия бо 44 медал, аз ҷумла 14 медали тилло мақоми дуввумро касб кард. Дастаи мунтахаби Узбакистон бо 23 медал,аз ҷумла 6 медали нуқра дар ҷойи севвум қарор гирифт.
Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони маъруфи тоҷик Саламшоҳ Муҳаббатов дар вазни 82 кило, Хайрулло Назриев дар вазни 100 кило, ҳарду миёни устодони синнашон аз 40 то 44-сола, Муҳаммадшариф Сулаймонови 52-сола дар вазни 90 кило ва Сайидмаҳмуд Муҳаммадрасулов дар ҳамин вазн байни собиқадорони синни то 59-сола бори дуввум муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни устодони самбо гардиданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG