Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба Душанбеи бародаршаҳраш кӯмак мекунад


Юрий Лужков - шаҳрдори Маскав дар пайи дидор бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мулоқот равобити Маскаву Душанбе дар заминаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Юрий Лужков афзуд, дар ҷараёни гуфтугуҳои ӯ миёни мақомоти Душанбе ва Маскав дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ тавофуқ ба даст омадааст. Оқои Лужков аз ҷумла гуфт: "Аввал тавофуқ ҳосил шудааст, ки ширкати бинокорони Маскав ва ҳамчунин сармоягузории ширкатҳои сохтмонии Маскав ба бахши сохтмони шаҳри Душанбе афзоиш ёбад. Ҳамчунин Маскав тасмим гирифтааст, дар рушди бахши тиҷорати хурду миёна дар Душанбе саҳм бигирад."
Шаҳрдори пайтахти Русия ҳамчунин гуфт, ҳангоми мулоқот бо Раҳмонов, изҳори омодагӣ намудааст, ки Маскав бо ироаи фанновариҳои муосир метавонад, дар амри бозсозии шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанбе саҳм бигирад. Юрий Лужков ҳамчунин ёдовар шуд, ки бар асоси тавофуқоти ба даст омада, шаҳрдории Маскав дар ихтиёри идораи нақлиёти шаҳри Душанбе теъдоди зиёди троллебусҳоро қарор медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG