Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Решаҳои сахти ришвахорӣ дар Тоҷикистон


Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон бо авлавиятнок хондани фаъолияти додситонии кулл дар мубориза бо фасод ва ришвахорӣ гуфт, таъсиси раёсати вижаи мубориза алайҳи коррупсия ба додситонии кулл имкон додааст, то дар ин самт ба натоиҷи наззаррас ноил гардад. Ин матлабро додситони кулли Тоҷикистон дар ҷараёни кори конфронси миллии мубориза алайҳи ришвахорӣ, ки рӯзи 19 ноябр дар Душанбе доир гардид, иброз дошт.
Оқои Бобохонов зимни баршумурдани икдомоти додситонӣ дар ҷиҳати мубориза бо фасоду ришвахорӣ аз ҷумла гуфт, дар ин замина 40 парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.
Додситони кулли Тоҷикистон бо ишора ба таҳаввули охир дар қазияи Ғаффор Мирзоев гуфт, додситонии кулл тасмим гирифтааст, дар робита ба ин қазия ва дигар падидаҳои марбут ба фасоду ришват ҷиддан бархӯрд намояд. Оқои Бобоҷон Бобохонов - дар тақвияти ин фикр гуфт, дар се моҳи фаъолияти раёсати навташкили мубориза алайҳи фасоди додситонии кулл дар қатори кормандони вазоратхонаҳои парваришу беҳдошт, ҳамчунин кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишотӣ низ бо иттиҳоми ришватситониву тамаъҷӯӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ширкатдорони конфронси миллии мубориза алайҳи коррупсия ба шаффофияти бештар дар фаъолияти ниҳодҳои марбута зимни бархӯрд бо коррупсия таъкид намуданд. Муаттара Ҳайдарова - раиси созмони ғайридавлатии « Ҷомеа ва ҳуқуқ» гуфт, фаъолияти додситонии кулл дар амри мубориза бо фасоду ришватситонӣ мутаассифона фарогир нест ва он танҳо дар бахшҳои ҷудогона ба назар мерасаду халос. Хонум Ҳайдарова афзуд, то кунун аз ҷониби мақомоти марбутаи додситонӣ дар робита ба масрафи кӯмакҳои ба унвони қарз ба кишвар ворид гашта таҳқиқоте сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи номбурда дар ин самт аз ҷониби масъулин муносибатҳои фаровони коррупсионӣ ба мушоҳида мерасанд.
Музаффар Олимов - муовини раҳбари маркази омӯзишии «Шарқ» низ бо таъйиди ин матлаб гуфт, дар ҳоли ҳозир коррупсия ба яке аз панҷ мушкили аслии ҷомеаи Тоҷикистон табдил гардидааст .
Дар хамин хол, Валтс Калнинш - коршиноси шабакаи байналмиллалии зидди коррупсионӣ ба ин назар аст ки ташкили як шӯрои зидди коррупсионӣ дар назди додситонии кулли Тоҷикистон бо шумули намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ метавонад муассирияти бештари раванди мубориза бо коррупсияро дар ин кишвар таъмин созад. Ба гуфтаи Валтс Калнинш ҳадафи ташкили ин шӯро аз он иборат аст ки дар кори мубориза бо коррупсия на танхо мақомоти давлатӣ, балки ақшори мухталифи ҷомеа саҳм бигиранд. Фикр менамоям дар ин шакл меафзояд номбурда, кор муссирияти бештар касб менамояд. Баръакси фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин ҷо танҳо масъалаи ироаи маълумот матраҳ нест, балки кори он бар асоси ироаи назару пешниҳодоти ҳар нафари алоқаманд ва ҳамчунин намояндагони созмонхои ғайридавлати роҳандозӣ мегардад.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносони созмонҳои байналмиллалӣ коррупсия дар чанд соли охир дар ҷомеаи Тоҷикистон рушди назаррас доштааст.
XS
SM
MD
LG