Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико тарафдори тавоноии Тоҷикистон дар ҳифзи марз аст


Ноиби сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, генерал-лейтенант Ленс Смит гуфт, Амрико бо мақсади таъмини назорати қатъӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мехоҳад, бо Тоҷикистон ҳамкории наздик дошта бошад. Вай дар Вашингтон гуфт, ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон роҳҳои таҳкими ин ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Генерал Смит афзуд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида як мақсад дорад, ки Тоҷикистон ба андозаи зарурӣ қавӣ шавад ва битавонад, марзҳои давлатии худро ба тавру бояду шояд ҳифз кунад. Дар ин роҳ ИМ ба Тоҷикистон мадад хоҳад расонд, то аз густариши терроризм ба воситаи ин марзҳо ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон монеъаи қавӣ гузошта шавад.
Суханони ноиби сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Амрико дар ҳоле садо доданд, ки як ҳайъати бонуфузи Тоҷикистон аз вазоратҳои қудратӣ дар Пентагон дурнамои ҳамкориҳои ҳарбию фаннии Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ба ин ҳайъат намояндагони вазоратҳои дифоъ ва вазъиятҳои фавқулодда, кумитаи марзбонӣ ва горди миллӣ шомиланд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG