Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустнамоиши филми коргардони тоҷик дар Маскав


Нахустнамоиши филми мустанади синамогари муҳоҷири тоҷик Ҷамшед Раҳмонов бо номи «Афғонистон» дар Кохи синамои шаҳри Маскав баргузор гардид. Филм бо як ёдоварии фишурда аз собиқаи сарзамини Афғонистон, аз таҳаввулоти як соли ахири ин кишвар, аз забони мардум ва рангҳои ободиҳову харобиҳо қисса мекунад. Филм дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф, дар маҷмӯъ дар аксари музофоти Афғонистон ба навор гирифта шудааст.

Аз тамошои филм бардоште ҳосил мешавад, ки коргардон дар Афғонистони имрӯза ҳарчӣ дида ва шунида бе ҳеҷ ороиш ва бе ҳеҷ пардоз ба маърази тамошо гузоштааст. Ба қавле, дар ин достони тайёр аз худ ягон ҳарфе на кам кардаст, на бисёр. Тамошобин аз даричаи нигоҳи наворбардори филм харобаҳои Буддо, гунбади сабзи мадрасаҳо, ҳазорҳо вайронаҳои ҷанги бистсола, майдон-майдон оҳанпораи танку тӯпи русиро тамошо мекунад. Лаб-лаби рӯди Панҷшер ба зиёрати мазори булӯрини Аҳмадшоҳи Масъуд меравад.

Коргадони филм Ҷамшед Раҳмонов, ки солҳои 1980 - 85 дар Афғонистон ба ҳайси синамогар ифои вазифа кардааст, мегӯяд, ин филм нигоҳи тозаи ман пас аз понздаҳ сол ба сарнавишти ин кишвар аст ва рамзист, ки дар понздаҳ музофот наворбардорӣ шудааст. Дар филми мустанади Ҷамшед Раҳмонов, таваҷҷӯҳбарангез чеҳраи одамон, нигоҳи онҳо ҳарфу ҳиҷоӣ онҳост. Аз наворҳо мушоҳида мешавад, ки аксари мардум дар фақр ва нодорӣ ба сар мебаранд, вале дар чашми онҳо дурахши зиндагибахш мушоҳида мешавад. Чунин дурахш дар нигоҳи шоҳон нест.

Филм барои муҳоҷирони Афғонистонии муқими Маскав ба мисоли як бозгашт ва сайр дар дашту дамани Кобул буд, хоса дар мавриде, ки аз филм таронаи «Мушки суда мерезад шаб ба домони Кобул» садо медод.
Ин ҳолат тайи суханони Амони Ашкрез, як нафар аз дурафтодагони Кобул бештар ҳаяҷонбарангез буд.
Оқои Юсуф дигар аз муҳоҷирони афғонистонӣ гуфтаҳои оқои Ашкрезро тақвият дод. Дар дунболаи суханони муҳоҷирони афғонистонии муқими Маскав метавон афзуд, коргардони филм Ҷамшед Раҳмонов ҳам аз муҳоҷирон аст ва дар шумори даҳҳо синамонгарону ҳунармандони овораи тоҷик дар Русия ба сар мебарад.

Ба гуфтаи Ҷамшед, вай фаъолияти синамогарии худро 40 сол пеш дар «Тоҷикфилм» шурӯъ кард. Чанд сол дар Афғонистон дар киностудияи Афғонистон ифои вазифа ва дар тавлиди чандин филми хурду бузург ширкат кард. Соли 1985 ба «Тоҷикфилм» бозпас омад. Аммо дар пайи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия кӯч баст ва ҳоло дар Маскав ба сар мебарад. Филми мустанади «Афғонистон»-ро бо кӯмаки Иттиҳодияи синамогарони Русия, сафорати Русия дар Афғонистон, ширкати садову симои Афғонистон ва дӯстони кобулиаш ба навор гирифтааст. Аммо Ҷамшед дар ҷавоб ба саволе, ки чӣ барнома пеши руй доред, чун ҳама гуна муҳоҷирони бе сарнавишт муҷмал гуфт: "кор, кор, кор..."
XS
SM
MD
LG