Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мушкили гардиши пул дар Тоҷикистон


Дар нишасти 11-уми Шӯрои раҳбарони бонкҳои миллии кишварҳои узви Ҷомеаи Авруосиё, ки 18 ноябр дар Душанбе баргузор гардид, ба тавсиаи муносиботи бонкҳои миёни панҷ кишвари узви ин созмон таъкид шуд. Дар ин нишаст зикр гардид, ки бинобар набуди механизми ягонаи ҳамкорӣ ва муносибот миёни бонкҳои миллии ҷамоҳири аъзои Ҷомеаи Авруосиё ҳанӯз ҳам дар амри анҷоми амалиётҳои доду ситад ва интиқоли маблағҳои нақдӣ шаҳрвандони кишварҳои узв бо мушкилот рӯ ба рӯанд.
Абудуҷаббор Ширинов - муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар масоили марбут ба интиқоли маблағҳо дар ин нишаст мавриди гуфтӯгу қарор гирифтааст. Ба гуфтаи номбурда, ин мушкил дар пайи аз байн рафтани собиқ низоми мутамаркази бонкии шӯравӣ шакл гирифтааст ва барои эҳёи он бояд бонкҳои собиқ ҷамоҳири шӯравӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ диҳанд.
Дар нишасти 11-уми Шӯрои раҳбарони бонкҳои миллии кишварҳои узви Ҷомеаи Авруосиё ҳамчунин масоили таҳияву амалисозии самтҳои асосии сиёсати пуливу молӣ, усулҳои аслии танзиму контроли амалиётҳои арзӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқии интиқоли маблағҳои бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG