Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи Тоҷикистон аз нимароҳ баргашт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2006 дар шаҳри Муҳаррақи Баҳрайн аз тими миллии футболи ин кишвар бо натиҷаи сифр бар чаҳор шикаст хӯрд. Се голро мизбонон дар қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Нахуст Талал Юсуф дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Баъдан Муҳаммад Ҳусейн ва Муҳаммад Ҳубайл чаҳор дақиқа қабл аз хотимаи қисми аввал ба дарвозаи меҳмонон ду гол заданд.Ва ниҳоят голи чаҳорум дар дақиқаи 77-уми қисми дуввуми бозӣ баъди зарбаи Муҳаммад Ҳубайл вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон гашт.
Дар бозии дигари гурӯҳи шашум дастаи Қирғизистон дар меҳмонӣ мунтахаби Сурияро бо ҳисоби як бар сифр шикаст дод. Ба ин тартиб дар гурӯҳи шашум Баҳрайн бо 14 хол ҷойи аввалро ишғол кард ва соҳиби роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот гашт. Сурия бо 8 хол мақоми дуввум, Тоҷикистон бо 7 хол ҷойи севвум ва Қирғизистон бо 4 хол зинаи чаҳорумро ишғол намуданд.
Осиёи Марказиро дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот танҳо дастаи миллии Узбакистон намояндагӣ хоҳад кард. Ин даста, ки дар бозии охирини интихобӣ дар майдони худ бар тими миллии Тайван бо ҳисоби 6 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард, бо 16 хол дар гурӯҳи дуввум мақоми аввалро касб кард. Тими миллии футболи Эрон, ки дар майдони худ дастаи Лаосро бо ҳисоби 7 бар 0 шикаст дод, бо 15 хол дар садри ҷадвали гурӯҳи аввал қарор гирифт ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ гашт. Ба ҷуз дастаҳои Баҳрайн, Узбакистон ва Эрон боз ғолибони панҷ гурӯҳи дигар -Ҷопон, Кувайт, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот, ки соли 2005-ум баргузор хоҳад шуд, роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG