Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани узви дастаи Худойбердиев


Ба иттилоъи додгоҳи вилояти Суғд, Аюбҷон Бобоҷонов - узви собиқи дастаи полковники ошӯбгари тоҷик - Маҳмуд Худойбердиев бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ҳифзи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Абдуғаффор Шоназаров - додраси додгоҳи вилояти Суғд, ки баррасии ин қазияро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, Аюбҷон Бобоҷонов - сокини панҷоҳу дусолаи шаҳри Хуҷанд, дар ибтидои моҳи ноябри соли 1998, ҳангоми ба вилояти Суғд ҳамла намудани дастаи Маҳмуд Худойбердиев - собиқ фармондеҳи бригадаи зудамали назди президенти Тоҷикистон ба ин дастаи мусаллаҳ пайваста, як силоҳи Калашников бо тирдон гирифтааст.
Оқои Шоназаров афзуд, ин фард дар пайи ҳамлаи бебарор дар тирамоҳи соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ба Русия фирор ва дар он кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст, то он ки ибтидои соли 2004 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии Суғд боздошт шудааст. Аммо ҳамин манбаъ афзуд, Аюбҷон Бобоҷонов дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки вай бо талаби дастаи ҳамлавар силоҳ ба даст гирифта, аммо аз он оташ накушодааст. Соли равон ин барои маротибаи аввал аст, ки як сокини устони Сугд бо ҷурми ҳамдастӣ бо дастаи Маҳмуд Худойбердиев ба ҳабс гирифта мешавад. Назар ба иттилоъи расмӣ, аз тирамоҳи соли 1998 то кунун тақрибан 160 сокини Тоҷикистон бо чунин ҷурм ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Суғд
XS
SM
MD
LG