Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон "Ҷоми Ҷамшед"-ро гирифт


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кулли кишвар корхонаи истеҳсоли гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхона, ё казинои "Ҷоми Ҷамшед" ва мағозаи "Кооператор" воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, ки ба Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев - сардори собиқи Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳур тааллуқ дошт, ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатӣ дод. Пас аз боздошти Ғаффор Мирзоев дар моҳи август фаъолияти ширкатҳои марбут ба ӯ ва бародараш Абдурасул Мирзоев боздошта ва мавриди бозҷӯи қарор дода шуд.
Додситонии Тоҷикистон пас аз анҷоми тафтиши семоҳа ба ин натиҷа расидааст, ки қарордоди хариду фурӯши ин ширакатҳо ғайриқонунӣ сурат гирифтаанд. Орзу Ибронов додраси парвандаи марбут ба Корхонаи гӯшт, казинои "Ҷоми Ҷамшед" ва мағозаи "Коопертор" дар робита ба ин гуфт: "Бо ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои Додситонии кулл қаноатманд карда шуд. Шаҳодатномаи соҳибии саҳмияҳо, ки аз тарафи вазорати молияи Тоҷикистон, ки соли 2002-ум ба шаҳрванд Мирзоев Абдурасул дода шуда буд, ҳамааш беэътибор дониста шуданд."

Аммо вакили мудофеи Абдурасул Мирзоев мегӯяд, ин амали Додгоҳи олии иқтисодӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро ҷараёни баррасии парванда ва интишори ҳалнома бидуни ширкати намояндагони вакили мудофеъ ва намояндаи ин ширкатҳо сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир корхонаи гӯшт ва казинои Душанбе фаъолият намекунанд ва ин боиси бекор мондани садҳо коргарон шудааст. Ойиша Мирзоева - намояндаи Корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе ва хоҳари генерал Ғаффор Мирзоев мегӯяд, дар дохили корхонаи гӯшт чандин ширкатҳо, аз ҷумла ширкати эронии картошкапазӣ, ё чипсӣ пас аз боздошти фаъолияти ин корхона Тоҷикистонро тарк кард.
Ойиша Мирзоева меафзояд: "Ҳозир чорсад нафар коргароне, ки дар корхонаҳои ширкати "Мирзои Раҳмон" кор мекарданд, чор моҳ шуд бекоранд." Ва аммо наздикони генерал Мирзоев мегӯянд, ҳадафи аслии дубора ба амволи давлатӣ табдил додани Корхонаи гӯшт, казинои "Ҷоми Ҷамшед" ва мағозаи "Кооператор" ин аз ихтиёри Ғаффор Мирзоев ва бародари ӯ берун кашидани онҳост. Акнун ин корхонаву ширкатҳо ба Кумитаи амволи давлатӣ тааллуқ ва он ҳақ дорад ин моликиятро дуввумбора дар музояда гузорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG