Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби Қонуни фаъолияти табибони мардумӣ


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбеи худ, Қонуни фаъолияти табибони мардумиро ба тасвиб расонид. Ин қонун иборат аз 20 асл ва ҳафт боб ба манзури ба низом даровардани фаъолияти табибони мардумӣ таҳия ва қабул шудаст. Ҷумъабой Сангинов - муовини раиси Кумитаи ҳифзи сиҳатии омма ва ҳимояи иҷтимоӣ дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди ашхос ба табобати беморон тавассути усулҳои мардумӣ машғул ҳастанд, ки фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ шумурда мешавад.
Ба гуфтаи оқои Сангинов, дар ҳоли ҳозир танҳо панҷ нафар аз чунин табибон иҷозаи фаъолият дарёфт кардаанд. Ва куллияи дигар табибони мардумӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғуланд. Оқои Сангинов гуфт, табибони мардумӣ бар асоси ин қонун танҳо ба табобати намудҳое аз беморӣ метавонанд машғул шаванд, ки вазорати тандурустӣ тасдиқ кардааст. Бар асоси ин қонун масъулияти додани муҷавизи фаъолият ба табибони мардумӣ ба ихтиёри вазорати беҳдошт ва маркази тибби мардумии марбути ин вазорат дода шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG