Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиае дар мавзеъи маргбори Кабудҷар


Рашт

Дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар ҷодаи Нуробод- Душанбе чаҳор нафар аъзои як хонавода ба шумули Раҳим Саидов - сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Балҷувон ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ин фоҷиа дар мавзеъи пурхавфи ва маргбори Кабудҷар, 110 - километрии ҷодаи Душанбе- Нуробод додааст.
Абдуллоҳ як нафар ронандаи хати сайри Душанбе-Нуробод ва шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, автомошинаи сардори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Балҷувон Раҳим Саидов - дар ҳудуди деҳаи Алигалабон аз масири ҳаракат хориҷ ва аз баландии зиёда аз 100 метр ба умқи дарёи Сурхоб сарозер гардидааст.
Аз мусофирони автомошина як нафар бо берун андохтани худ, тавонистааст, ҷон ба саломат барад. Аммо Раҳим Саидов бо ду писару як хешованди худ дар маҳалли ҳодиса ҷон додаанд. Гуфта мешавад, то кунун ҷасади ду нафар аз мусофирони ба ҳалокат расида, пайдо нашудааст ва амалиёти ҷустуҷӯӣ дар рӯдхонаи Сурхоб ҳанӯз идома дорад.
Раҳим Саидов - бародари вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, соли 2000 мелодӣ бар асоси саҳмияи 30 дарсада сардори Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Нуробод дар гузашта Дарбанд таъйин шуда буд. Тобистони соли ҷорӣ бар асоси фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон номбурда сардори Шӯьбаи умури дохилаи ноҳияи Балҷувон таъйин гардид.
Холиқи Сангин, Рашт
XS
SM
MD
LG