Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоли Арал бадтар шудааст


Анатолий Холматов - мудири идории Бунёди наҷоти Арал мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин нишаст ҷалби таваҷҷӯҳ ва мусоидати созмонҳо ва кишварҳои кӯмакрасон дар амри наҷоти Арал мебошад. Вай мегӯяд: Мо хоҳиш кардем, ки сармоягузорони хориҷӣ ҳамин ҷо ҷамъ шаванд ва мо мехоҳем, ки барои ҳалли мушкили Арал созмонҳои байналмилалӣ ба мо кӯмак кунанд, барои гузаронидани таҳқиқотҳо, экпедитсияҳо ва кӯмаки моддиву техникиву молиявӣ."
Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар соли 1993 бо ташаббуси панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна ба манзури ҷилавгирӣ аз оқибати фоҷиаи зистмуҳитие, ки имкон дорад, бар асари хушкидани дарёчаи Арал сар бизанад, таъсис шудааст. Хушкидани Арал аз чанд даҳсола ба ин ҷониб шурӯъ шуда ва тайи 40 соли охир сатҳи оби дарёчаи Арал 23 метр паст шудааст.

Баъди суқути шӯравӣ мушкили Арал ба як масъалаи умдаи фоҷиабор барои кишварҳои минтақа табдил шуд. Хушкидани Арал ба унвони як фоҷиаи бузурги асри бист эътироф шудааст. Аммо ба гуфтаи оқои Холматов дар иҷрои барномаҳои марбут ба тарҳи Наҷоти Арал танҳо кишварҳои муассиси ин бунёд саҳм дошта ва иҷрои барномаҳо аслан тавассути имконоти молии ин кишварҳо сурат гирифтааст. Ва таваҷҷӯҳи созмонҳо ва кишварҳои дигар то кунун ба рафъи ин мушкил камтар ҷалб шудааст. Оқои Холматов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо як барнома он ҳам барномаи омӯзишӣ аз суйи як ниҳоди ҷомеаи аврупоӣ дар заминаи рафъи ин мушкил амалӣ мешавад. Аммо мегӯяд мудири идории Бунёди наҷоти Арал, иҷрои барномаҳои пешбинишуда дар ин самт аслан тавассути имконоти дохилии ин кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифта, вале амалӣ шудани куллияи ин барномаҳо бидуни мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ғайриимкон аст: "Асосан ҳамин барнома аз ҳисоби қувваи худи давлатҳои Осиёи Марказӣ иҷро шуда истодааст. Аммо он маблағҳои буҷавии ин давлатҳо барои пурра иҷро кардани барнома албатта намерасад. Мо бо созмонҳои байналмилалӣ созишномаҳо дорем, пешравиҳо ҳаст, аммо танҳо бо қувваи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳал кардани ин масъала мушкил аст."

Дар ҳамин ҳол Алихон Латифӣ - мудири маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, тайи даҳ соли охир, яъне аз замони таъсиси Бунёли Арал агарчанд мушкил аст, ба дурустӣ мизони зарару зиёни ношӣ аз хушкидани Аралро тахмин зад, аммо ба назар мерасад, ки тамоми талошҳо дар ин замина натиҷаи чандоне надодааст. Балки вазъи ҳавзаи Арал метавон гуфт бадтар шудааст.
Ва ҳатто ба андозае, ки бархе умеди наҷоти дубораи Аралро аз даст додаанд: "Дар тӯли даҳсолаи ахир вазъи Арал беҳтар нашуд ва ба фикри ман ҳатто бадтар шуд. Ҳадафи мо имрӯз барқарор кардани баҳри Арал нест, ҳадаф нигаҳдории вазъи имрӯзаи баҳри Арал ва минтақаҳои атрофи он мебошад. Танҳо дар сурати расидан ба ин мақсад мо метавонем, қадам ба қадам баҳри Аралро барқарор намоем."

Аз оқои Латифӣ пурисдам, пас номгузории ин созмон бо номи Наҷоти Арал чӣ маънӣ дорад. Ӯ мегӯяд, баъди анҷоми барномаҳои пешбинишуда дар ҷиҳати рафъи мушкилоти экологӣ ва ба даст омадани имкони васеътар наҷоти Арал низ мумкин хоҳад шуд: "Имрӯз ҳадаф барқарор кардани баҳри Арал нест, ин ғайриимкон аст. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо имрӯз ё фардову пасфардо аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Номи ин ташкилот дуруст аст ва ин ташкилот барои як солу ду сол ташкил нашудааст. Ҳадафи ояндаи ин созмон ҳатман барқарор кардан ва ё зинда кардани баҳри Арал аст."

Аммо ба назари Анатолий Холматов, як тарҳи дигаре, ки дар замони шӯравӣ рӯи даст буд ва акнун аз ёдҳо уфтодааст, метавонад, дар наҷоти Арал муaссир воқеъ шавад. Ба назари баъзеҳо ин тарҳ, яъне ба ҷониби ҳавзаи Арал баргардонидани маҷрои рӯдхонаҳои Сибир, танҳо умеди наҷоти Арал аст. Аммо ин тарҳ то куҷо амалӣ мебошад. Ба назари оқои Холматов, ба далели мушкилоти иқтисодӣ ҳатто фурсати баррасии ин тарҳ агарчанд аз дастури кор хориҷ нашдуааст, вале умедро низ аз даст надодааст. Мутахассисони соҳаи обу нирӯ дар ҳоле аз масъалаи наҷоти Арал сӯҳбат ва баҳс мекунанд, ки таърихшиносон ин ҳамаро барҳадар медонанд. Бино ба шавоҳиди таърихӣ ба гуфтаи онҳо дарёчаи Арал дар дарозои таърих борҳо хушкида ва дубора барқарор шудааст. Ва ҳар гуна талош барои пур кардани ҳавзи Арал як амали беҳудааст.
XS
SM
MD
LG