Пайвандҳои дастрасӣ

Барои пахтачинӣ дарсҳо кӯтоҳ карда шуд


Бо амри идораи маорифи ноҳияи Конибодом соатҳои дарсии мактабиёни ин ноҳия аз 45 то 35 дақиқа кӯтоҳ карда шудааст. Дарсҳо зуд поён меёбанд ва мактабиён иҷборан роҳ сӯи пахтазор пеш мегиранд. Ҳарчанд дар саҳроҳои пахтазори Суғд ҳосил тақрибан боқӣ намондааст, аммо маъракаи ҷамъоварии пахта то кунун поён наёфтааст. Мақомоти ҳукумати маҳалҳои пахтакор тасмим гирифтаанд, бо истифода аз нирӯи арзони кории мактабиён ва одамони касбу корашон гуногун ҳосили пахтаро, ба қавле "то кӯраки охирин" ҷамъ оварда, ба давлат супоранд.
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад - коршиноси маҳаллӣ аз Конибодом дар ин бора мегӯяд:

"Дар ин ноҳия мактабиёни аз синфи 4 то 9 соати даҳи субҳ дарсхониро қатъ мекунанд ва ба пахтачинӣ мераванд. Дар ин ҳол, ки бештари вақти бачаҳо сарфи ҷамъоварии пахта мешавад ва шабона хаставу шалпар ба хона бармегарданд, ба дарсхонӣ аз куҷо вақт ва имкон меёбанд ва ҷомеъа дар оянда аз онҳо чӣ интизор метавонад дошта бошад?"

Аммо навгонии дигаре, ки дар давраи пахтачинии соли равон мақомоти Суғд ҷорӣ намуданд, ин эҳёи шанбегиҳои иҷборӣ буд. Мисли шанбегиҳои замони шӯравӣ. Ва иштироккунандаҳои ин шанбегиҳо одамони касбу корашон гуногун, аз ситораҳои овозхонии вилояти Суғд то банкиру ноширони пешдоман дар бар буданд. Коршинос Ҷӯёи Суғдӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, одатан дар чунин шанбегиҳо маблағи чиниши пахта низ ба пахтачинҳо пардохт нашуда, дар буҷаи давлат мемонад. Масалан, ба гуфтаи вай, дар як шанбегӣ дастмузди кори якрӯзаи пахтачинҳои вилоят, ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ, дар ихтиёри «Агроинвестбонк» нигоҳ дошта шудааст. Бе ризояти нафарони оддие, ки барои пайдо кардани маблағи рӯзгузаронӣ барои аҳли оила рӯзи истироҳати худро сарфи пахтачинӣ карда буданд. Феълан дар вилояти Суғд беш аз 155 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробар ба тақрибан 83 дар сади нақшаи пешбининамудаи мақомоти вилоят мебошад.
XS
SM
MD
LG