Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нави Шӯрои уламо доир ба занон


Шӯрои уламои Тоҷикистон масъулияти додани талоқи занҳои талоқхоҳро аз ҷониби мардҳо ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Саломатшоҳ Шокиров - муншии Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Шӯрои уламои ин кишвар бо назардошти ба вуҷуд омадани шароити ногувор дар иддае аз оилаҳои тоҷик ахиран қарор кард, ба занҳое, ки шавҳаронашон солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират буда, аз нигоҳубин ва таъмини зану фарзандон шона холӣ кардаанд ва ё нопадид шудаанд, хатти талоқ бидиҳад. Оқои Шокиров афзуд, бо вуҷуди он ки дар мазҳаби ҳанафия ҳаққи талоқи зан танҳо ба мард дода шудааст, вале ин иқдом ба манфиати ҷомеъа хоҳад буд:

"Солҳои ахир воқеан ҳам зарурат пеш омад, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ба қарори мазкур биёяд."

Дар ҳамин ҳол Садбарг Мухторова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, шавҳари ӯ се сол қабл барои дарёфти пул ба Русия сафар карда буд. Дар ин муддат боре барои кӯдаконаш ҳеҷ маблағе нафиристодааст, ҳатто як бор ҳам ба хона занг назадааст. Ба гуфтаи хонум Садбарг, шоҳидоне, ки шавҳарашро дар муҳоҷират вохӯрдаанд, қисса кардаанд, ки шавҳараш дар Русия бо зани дигаре издивоҷ кардааст ва як фарзанд дорад. Садбарг, ки маълумот ва ҷойи кор надорад, роҳи раҳоии худу ду кӯдаки хурдсолашро аз фақру нодорӣ дар барпо кардани оилаи нав мебинад, аммо Садбарг мегӯяд, иҷозат, ё хатти талоқеро, ки Шӯрои уламои кишвараш ба ӯ медиҳад, наметавонад ӯро қонеъ созад:

"Ман то аз шавҳарам талоқ нагирам, шавҳари дигар намекунам, чи хел қозиёт ба ман талоқ медодааст."

Аммо зани дигаре бо номи Роҳила бо се фарзанди хурдсол 7 сол аст, ки роҳи шавҳари муҳоҷирашро дар Русия интизорӣ мекашад ва иқдоми Шӯрои уламои кишварашро амали хайр меҳисобад:

"Охир 6 ё 7 сол танҳоӣ кашидан магар осон аст. Хешу табор то кай моро нигоҳубин мекунанд."

Ба гуфтаи коршиносон, масъулиятношиносии бархе аз мардҳои тоҷик нисбат ба мардони кишварҳои дигари мусалмон дар баробари оила, зану фарзандон ҷанбаҳои хос дорад. Яке аз ин ҷанбаҳо тайи беш аз як даҳсола ба таври бояду шояд амал накардани қонунҳои ҷорӣ дар кишвар мебошад, ҷанбаи дигар надонистани шариати ислом оид ба издивоҷ ва масъулияти зану мард дар баробари якдигар мебошад.
Алишер Худойбердиев - раиси созмони ғайриҳукуматии "Манижа" дар як ҳамоиши созмонҳои хориҷӣ ва дохилӣ оид ба ҳуқуқи зан дар шаҳри Душанбе гуфт:

"Масалан, дар хутбаи никоҳ масъулияти зану шавҳар дар назди якдигар оварда шудааст, аммо ин хутбаи никоҳ ба забони арабӣ хонда мешавад ва ҷавонон ба маънои он сарфаҳм намераванд"

Ва аммо равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов бар ин аст, ки аксари заноне ки бори рӯзгор ва тарбияву нигоҳубини кӯдаконро танҳо ба дӯш доранд, на танҳо ҷисман, балки рӯҳан низ бемор мебошанд ва дар аксари мавридҳо дар ҳолати хастагии зиёд ва асабоният қарор доранд. Ҳамчунин вазъи рӯҳии ин занҳо буду боши онҳоро дар миёни мардум ва муносибот бо одамон ногувор месозад ва бегумон вазъи рӯҳии онхо метавонад ба кӯдаконашон низ сироят кунад:

"Бояд шӯрои уламо масъулияти боз ҳам бештар ҳис кунад. Дар маҳалҳо рафта бо мардум вохӯранд ва ин чизҳоро фаҳмонад."

Оқои Давлатов афзуд, чунин занҳо дар аксари мавридҳо ба зарбаҳои шадиди равонӣ дучор мешаванд ва сарнавишташон бо худкушӣ анҷом меёбад. Ба назари оқои Давлатов, иқдоми мазкур аз чониби Шӯрои уламои Тоҷикистон метавонад дар коҳиш ёфтани мушкилоти маишӣ ва равонии занони талоқхоҳ ё танҳо кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG