Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди Оғохон хонаҳои Раштро рӯшан мекунад


Дафтари минтақавии Бунёди Оғохон дар водии Рашт тасмим гирифтааст, дар маркази шаш ноҳияи шарқи Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд намояд. Масъулини Бунёди Оғохон мегӯянд, тарҳҳои мавриди назар бо таваҷҷӯҳ ба камбуди барқ ва мушкилоти реҷаи интиқоли маҳдуди он дар навоҳии кишвар рӯи даст гирифта шудаанд.
Ба эътиқоди коршиносони Бунёди Оғохон дар сурати эҳдос ва фаъол гардидани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар навоҳии водии Рашт мардум ва муассисоту идорот имкон меёбанд, бидуни маҳдудият аз нерӯи барқ истифода баранд. Маҳмадалӣ Саидов - раҳбари дафтари Бунёди Оғохон дар водии Рашт гуфт, қарор аст сохтмони ин нерӯгоҳҳо қабл аз оғози соли 2005 мелодӣ шурӯъ гардад.
Оқои Саидов гуфт, барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ панҷ лоиҳа алҳол таҳия шудааст ва тибқи онҳо бояд дар маркази шаш ноҳияи водии Рашт ба шумули ноҳияи Файзобод минигесҳо бунёд шаванд. Ба гуфтаи номбурда, шароити табиии ноҳияҳои мазкур ҷиҳати роҳандозии нерӯгоҳҳои барқии хурд мувофиқ аст ва дар сурати анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳҳо дар навоҳии ёдшуда ҳар кадом аз онҳо имкон доранд, дар як соат аз 40 то 1000 киловатт қувваи барқ истеҳсол намоянд.
Холиқи Сангин, Рашт
XS
SM
MD
LG