Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад


Нарзуллои Латиф

Нахустин бор дар Тоҷикистон мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар намуди гӯштии самбо миёни устодон баргузор хоҳад шуд. Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот ҳудуди 300 гӯштигир аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон 18-ум ва 19-уми ноябр дар қасри «Самандар-асри ХХI»-и шаҳри Турсунзода рақобат хоҳанд кард. Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 80 нафар шомиланд.Тибқи низомномаи мусобиқот, гӯштигирон ба гурӯҳҳо мувофиқи синну сол ва вазни худ ворид шудаанд.
Ва хабаре аз ҷаҳони футбол. Рӯзи чоршанбе-17-уми ноябр даври охирини мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2006 доир хоҳад шуд. Аз ҷумла дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи шашум дар меҳмонӣ бо мунтахаби Баҳрайн қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозии дигари интихобӣ дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои Сурия ва Қирғизистон баргузор мешавад. Ва аммо сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо дастаи Баҳрайн дар марҳилаи дуввуми мусобиқот ҳамроҳи ҳафт ғолиби гурӯҳҳои дигари қораи Осиё ширкат хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG