Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 311 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ шудаанд


Мудири Хадамоти федероли Русия зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Виктор Черкесов гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар қочоқи чунин мавод ба Русия мақоми аввалро доранд. Виктор Черкесов гуфт, аз 971 хориҷие, ки дар Русия бо ин айбмонӣ боздошт шудаанд, 311 нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекунанд. Дар ҷои дуюм ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Озарбойҷон (204 нафар) ва сеюм Украина(180 нафар) мебошанд. Вай изофа кард, ки дар ин ҷиноятҳо дар Русия ҳамчунин шаҳрвандони Қазоқистон, Ӯзбакистон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова ва давлатҳое чун Эрон, Нигер, Сурия, Камерун ва Чин даст доранд.
Ба сурати умум, гуфт Черкесов, дар Русия дар соли равон 120 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст. Вале пажӯҳишҳои гузашта нишон додаанд, ки даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо тӯҳмати иштирок дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Созмони Диаспораи Тоҷик дар Маскав, аз ҷумла хабар дода буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба муддати зиёда аз чаҳор сол дар маҳбаси Русия ба сар бурд, аммо ниҳоят маълум гашт, ки дар ҷиноят даст надошт. Мардикорони тоҷик дар Русия мегӯянд, агар онҳо ба милиса ришват надиҳанд, таҳдид мешаванд, ки дар қочоқи маводи мухаддир айбдор хоҳанд гашт. Созмони Диаспораи Тоҷик дар Маскав мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ягон бор ба вазъи ин маҳбусон ва парвандаи онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нишон надодааст.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG