Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Ёқуб Салимов "пӯшида" хоҳад буд


Мақомоти додгустарии Тоҷикистон эълон карданд, ки муҳокимаи собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов рӯзи 23-юми ноябр дар паси дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт.
Дар ин бора ноиби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ватанов ба хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст. Вай, ки қарор аст, раиси ин муҳокима бошад, гуфтааст, дар рафти пажӯҳиши парвандаи Ёқуб Салимов масъалаҳое кашф шудаанд, ки сирри давлатӣ мебошанд. Ба ин сабаб муҳокима пӯшида хоҳад буд.
Ба гуфтаи Ватанов, Салимов аз рӯи шаш банди қонуни ҷиноии кишвар айбдор мешавад, ба монанди иштирок дар фаъолиятҳои зидди давлат, ташкили тахрибкориҳо, бандитизм дар беназмиҳои моҳи августи соли 1998 дар шаҳри Душанбе ва ғайра. Аммо, гуфтааст Ватанов ин айбномаи пешакист ва ҳама чиро муҳокима муайян хоҳад кард.
Махфӣ эълон шудани муҳокимаи Ёқуб Салимов ба думболи ҳамчунон пинҳонӣ эълон гаштани пажӯҳиши парвандаи айбдоршавандаи дигар, собиқ райиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир Ғаффор Мирзоев сурат гирифт. Дар нисбати Мирзоев низ гуфта шуд, ки парвандаи ӯ дорои бархе аз сирҳои давлатист ва вакили дифоъии ӯ аз Маскав аз ҳаққи назорат ба тафтиш маҳрум гашт.
Ёқуб Салимов, яке аз сарони Фронти халқии Тоҷикистон дар сари кор омадани ҳукумати президент Раҳмонов саҳм дошт ва соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд бо бадани худ президентро аз таркиши норинҷаки дастӣ ҳифз кардааст. Салимов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи феврали соли равон дар Маскав боздошт гардид ва дар ивази тазмини истифода нашудани ҳукми қатл дар баробараш ба дасти мақомоти Душанбе супурда шуд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG