Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати марз дар Ишкошим ба дасти марзбонони тоҷик мегузарад


БТРО

Дафтари матбуотии нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар 15 рӯзи оянда назорати 560 километри марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим ба дасти марзбонони тоҷик супурда мешавад.
Сухангӯйи ин дафтар Александр Кондратйев гуфт, таҳвил додани дидбонии марз ҳамзамон аз ду канори қитъаи марз дар ноҳияи Ишкошим ҷараён мегирад, то раванд ба зудӣ хотима ёбад. Моликияти манқул ва ғайриманқул дар сарҳад ба дасти марзбонони тоҷик дода мешавад. Афсару сарбозони марзбони Русия аз ин минтақа ба қитъаҳои дигари марз интиқол меёбанд. Ҳамзамон бо ин фармондеҳии нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон бо интихоби афсарон барои ташкили Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон машғул аст.
Ин гурӯҳ тибқи созишномаи байнидавлатӣ дар ивази нирӯҳои марзбони Русия дар сарҳад таъсис меёбад.
XS
SM
MD
LG