Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 80 муҳоҷир дар марз


Ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз дар ноҳияи Сариоғочи Қазоқистон беш аз 80 нафар муҳоҷир боздошт гардиданд. Ба иттиллои хабаргузориҳои маҳаллӣ, ағлаби ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархи дигар бошандагони Узбакистону Қирғизистонанд, ки аз Русия бармегаштанд. Онҳо шабонгаҳ баъди баста шудани марз кӯшиш кардаанд, тавассути мошинҳои сабукрав ба марзи кишвари ҳамсоя гузаранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, шахси номаълуме ваъда додааст, ки бидуни убур аз посгоҳҳои марзӣ ва гумрук онҳоро аз тариқи Узбакистон то Тоҷикистон мерасонад. Вале шабонгаҳ марзбонҳои қазоқ онҳоро боздошт кардаанд.
Хабаргузории маҳаллӣ иттилоъ дод, ки боздоштшудагонро ба шӯъбаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии шӯъбаи умури дохилаи ноҳия бурданд ва онҳо таҳти бозрасӣ қарор доранд. Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо дар ин робита ба вазорати умури хориҷаи Қазоқистон муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин сафорат аз раиси Ҷамъияти тоҷикони ноҳияи Сариоғоч хоҳиш кардааст, то дар ин кор мусоидат намояд.
Ба таъйиди Саидмурод Шарифов - раиси иттиҳодияи «Сомониён», ин бори нахуст нест, ки дар марз муҳоҷирони тоҷик ба доми фиреби раҳнамоҳои қазоқу узбак меафтанд. Вай ҳамчунин афзуд: "Одамоне ҳастанд, ки онҳоро дастгирӣ мекунанд, барои ҳамин ғайриқонунӣ гузаронида мебаранд. Мо намедонем, онҳо дар Узбакистон бандӣ мешаванд, ё дар ҷои дигар. Мераванд ба Тоҷикистон, ё намераванд."
Ба гуфтаи оқои Шарифов, дар натиҷаи убури ғайриқонунии марз муҳоҷирон на танҳо молу пули хешро аз даст медиҳанд, балки чун ҷинояткор зиндонӣ ҳам мешаванд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG