Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи ҳафта: "Рӯзи Нав"


Боздошти шумораи «Рӯзи Нав» аз ҷониби полиси молиёт бори дигар ин номро аз исмҳои хабарсоз дар маҳофили сиёсӣ ва матбуотии Тоҷикистон кардааст. «Рӯзи Нав» як ҳафтаномаи мустақили чопи Душанбе, ки аз ибтидои моҳи август чопхонаҳои Душабе дари худро ба рӯи он баста буданд, ахиран дар шаҳри Бишкек мунташир гашт ва тавассути ҳавопаймо ба Душанбе мунтақил шуд, ки полиси молиёт, ё андоз дар фурудгоҳи Душанбе нахуст бо баҳонаи нашри бештар аз теъдоди муҷоз онро боздошт ва аз тавзеъи он ҷилавгирӣ кард. Аммо як рӯзи баъд, замоне маълум шуд, ки теъдоди нашр мутобиқ бар асноди ироашуда мебошад, кумитаи молиёт парвандаи «Рӯзи Нав»-ро ба вазорати фарҳанг ирҷоъ кард, ба он далел, ки адабиёти ин нашрия шояд мухолифи арзишҳои фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бошад. Аммо то кунун вазорати фарҳанг хулосаи худро роҷеъ ба ин масъала баён накардааст.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо - сардабири «Рӯзи Нав» вазорати фарҳанг дар ташхиси анҷоми чунин ташхисе эҳсоси мушкил мекунад, аз он ҷо ки ин як супориши сиёсӣ аст, то ташхиси як адабиёти фарҳангӣ: "Ин албатта як намуди сензура аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҳамин тавр анҷом намеёбад ва шояд қазияи моро боз ба органҳои дигар пешниҳод мекунанд ва бо ҳамин тавр ин моҷароро тӯл мекашонанд, то замоне, ки мардум дар бораи мавҷудияти чунин як рӯзнома фаромӯш кунанд."

Дар ҳамин ҳол коршиносон низ ба ҳамин назаранд, ки парванда созӣ аз «Рӯзи Нав» бештар як далели сиёсӣ дорад, то ҷанбаи ҳуқуқӣ. Нуралӣ Давлатов - коршиноси тоҷик ва аз фаъолони матбуот: "Ман фикр мекунам, ки ин то андозае ҷанбаи сиёсӣ бояд дошта бошад. Ба андешаи ман ин қазия ба интихоботи ояндаи Тоҷикистон робита дорад. Тоҷикистон, ки худро ҷумҳурии демократӣ эълон кардааст, фикр мекунам, хуб мешуд, ин масъала аз тариқи додгоҳ додгоҳ ҳал мегардид."

Аммо масъулини «Рӯзи Нав» ва коршиносон дар ҳоле аз қазия ба унвони як фишор болои матбуот ном мебаранд, ки Давлаталӣ Давлатов - муовини иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон ҳар гуна ангезаи сиёсӣ дар парвандаи «Рӯзи Нав»-ро рад мекунад: "Аслан дар ҳамин қазияи "Рӯзи Нав" як нофаҳмӣ аст. Ман намедонам, чаро "Нерӯи Сухан" чоп мешавад ва ман онро мехонам. Дигар рӯзномаҳо чоп мешаванд, аз он ҷумла рӯзномаҳои ҳизбҳои дигар ҳам чоп шуда истодаанд. Аммо он чӣ ки ба "Рӯзи Нав" алоқаманд аст, ба фикри ман ин ҷо ягон чизе вобаста ба насупоридани андоз, ё чизи молиявӣ аст. Яъне ин чиз характери сиёсӣ надорад."

Вале Нуралӣ Давлатов мегӯяд, мақомоти андоз ва ҳукумат як гуна сиёсати дугуна дар мавриди адабиёт ва матбуоти воридшаванда ба кишварро дунбол мекунанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, агар қарор аст, ҳама гуна маводи чопи мавриди ташхиси коршиносӣ қарор гирад, бояд ҳеҷ адабиёте истисно набошад. Аммо дар ҳоле «Рӯзи Нав» ба чунин вазъ рӯ ба рӯ шудаааст, ки даҳҳо рӯзномаи чопи Тошканд ва Маскав бо ҳазорон тираж дар Тоҷикистон озодона ва бидуни мушкил тавзеъ мешавад: "Мо шоҳиди зарбулмасали "Як бому ду ҳаво" ҳастем. Яъне, ки агар дар ҳақиқат ин масъала то ин андоза ҷиддӣ бошад ва агар дар ҳақиқат нафарони масъул мехоҳанд, ин масъаларо ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд, пас бояд тамоми рӯзномаҳое, ки аз Русия ва аз Узбакистон ворид мешаванд, бояд аз ҷониби комиссияи вазорати фарҳанг мавриди баррасӣ қарор бигиранд ва хулосаҳои худро дар ин мавриди онҳо барорад. Ин ҳол агар фақат дар мавриди "Рӯзи Нав" ба миён омадааст, фикр мекунам мухолифи меъёрҳои демократия аст."

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо - масъулини вазорати фарҳанг қавл додаанд, ки баъди ҷашни Рамазон натиҷаи коршинсоии худро ироа хоҳанд кард. Аммо дар ҳар сурат мегӯяд оқои Мирзо, асноди лозимро барои ба додгоҳ кашидани полиси андоз омода кардааст: "Масъала ҳал шавад ва ё нашавад, мо ҳатман ба суд муроҷиат мекунем ва ҳоло ҳам тамоми ҷузъиёти ин кор омӯхта шуда истодааст ва иншооллоҳ мо баъд аз ид ба суд муроҷиат хоҳем кард." Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати фарҳанг аз ҳар гуна изҳори назар дар мавриди мӯҳтавои «Рӯзи Нав», ки оё ихтилофе бо арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, худдорӣ варзиданд. Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳадафи мақомот танҳо талаф додани вақт аст, то шумораи рӯзнома кӯҳна шавад ва маводи он арзиши худро аз даст бидиҳад.

«Рӯзи Нав» нашрияи мустақили як кишвари мустақил ва демократӣ ва дар ҳоле аз ворид шудани он ҷилавгирӣ мешавад, ки таърихи навини матбуоти Тоҷикистон нашри рӯзномаҳои мухолифи давлат назири "Адолат" ва "Растохез"-ро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Бишкек ва ворид намудани онро ба Тоҷикистон дар айни салтанати коммунистӣ ва дар замоне, ки дар Қонуни Асосии Тоҷикистон исме аз демократия набуд, ёд дорад, аммо ҳодисаи боздошти чунин рӯзномаҳо дар фурудгоҳ ва ҷилавгирӣ аз тавзеъи онро ба сурати ошкор ёд надорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG