Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садриддини Наҷмиддин: "Ман мухлиси касеро кашида гирифтанӣ нестам."


Радиои Озодӣ: Садриддини Наҷмиддин дар саҳнаи мусиқии попи Тоҷикистон киро рақиби асосии худ медонад?

Садриддини Наҷмиддин: "Ман ягон касро рақиб намеҳисобам, ман бо бисёре аз ҳунармандону дӯсту бародарем. Ман мухлисони худро дорам ва танҳо барои онҳо кор мекунам ва мухлиси ягон овозхонро гирифтанӣ ҳам нестам."

Радиои Озодӣ: Худи шумо дар саҳнаи мусиқӣ киро шоистаи ибрат медонед ва ба таронаҳои кӣ бештар гӯш медиҳед?

Садриддини Наҷмиддин: "Бештар ман дар роҳи санъат устод Аҳмад Зоҳир, Кароматтуллои Қурбонро шоистаи ибрат меҳисобам ва онҳоро устоди ормонии худ медонам ва аз устодам Фурқати Саид низ миннатдорам, хусусан барои кӯмакҳои зиёде, ки ба ман кардааст."

Радиои Озодӣ: Аз овозхонҳои ҷинси латиф, яъне бонувони сарояндаи тоҷик кадомиро зиёдтар меписандед?

Садриддини Наҷмиддин: "Айни ҳол Манижа ва Кибриёро."

Радиои Озодӣ: Шумо фалак суруда метавонед?

Садриддини Наҷмиддин: "То ҳол худро насанҷидаам дар ин ҷода, лекин боварӣ дорам, ки аз ӯҳдааш мебароям ва насиб бошад дар оянда ният дорам, ки як суруди фалакӣ ва як шашмақом баҳри мухлисон пешкаш кунам."

Радиои Озодӣ: Ба шумо кадом навъи мухлисон писанд меоянд, онҳое, ки дар ҳавои мусиқии шумо мерақсанду мехонанд ва ё онҳое, ки оромона нишаста гӯш медиҳанд?

Садриддини Наҷмиддин: "Ман фикр мекунам, вақте мухлис ба консерт меояд, фарқ надорад, ҳар навъ, ки мехоҳад, бояд ба тарона гӯш диҳад, ё хеставу рақс ва ҳамроҳи овозхон месарояд ва ё оромона гӯш медиҳад."

Радиои Озодӣ: Шумо агарчӣ бисёр дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ кардаед, аммо бо вуҷуди ин чунин ба назар мерасад, ҳар гоҳ ба саҳна мебароед, худро озод ҳис намекунед? Чаро?

Садриддини Наҷмиддин: "Медонед чӣ, ман чунин фикр мекунам, ки ҳунармандони мо ҳоло ҳам таҷриба кам доранд ва барои он ки таҷрибаи мо бойтар шавад, мо бояд ба хориҷа бештар сафар кунем, биёмӯзем ва чӣ гуна бо мухлис рафтор карданро ёд гирем. Ва иншооллоҳ ман кӯшиш мекунам, ки ин камбудиҳо оянда кам шавад."

Радиои Озодӣ: Бархе аз ҳунармандони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди он ки чанд соли ахир рушд кардааст, вале боз ҳам аз санъати эстрадаи эронӣ ва ё Узбакистони ҳамсоя низ ақиб мемонад. Шумо инро эътироф мекунед?

Садриддини Наҷмиддин: "Ин гуфта дуруст аст. Аз ҷиҳати ҳунару фаҳмиш, аксари санъаткорони тоҷик аз касе кам нестанд, вале мо ягон хел дастгирӣ надорем. Ягон кас моро ба хориҷа намебарад, ягон кас ба мо кӯмак намекунад, ки мо дар шарқ машҳур шавем. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки дар ин вақт ба ҳар як сароянда аз худаш вобаста аст ва бояд ӯ барои худ роҳ бисозад, ба умеди ягон кас нашавад. Ва ман ин роҳро пеша кардаам. Ва ман орзу дорам, ки эстрадаи тоҷик дар ояндаи наздик дар шарқ ва дар байни форсизабонони ҷаҳон машҳур шавад.

Радиои Озодӣ: Шумо дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифтед?

Садриддини Наҷмиддин: "Бале?"

Радиои Озодӣ: Гуруснагӣ садои овозхонро хароб намекунад?

Садриддини Наҷмиддин: "Ин аз таҷриба аст. Аммо сарояндае, ки овози худодод дорад, овозаш хаста намешавад. Овози сарояндаро фақат асаб хаста карда метавонад. Агар ба асаби сароянда бирасанд, дар он вақт садои ӯ хаста мешавад."

Радиои Озодӣ: Садриддини Наҷмиддин як замон гуфта буд, ки мехоҳад дар филме нақш биёфарад. Оё ин орзу то кунун дар дилаш мондааст?

Садриддини Наҷмиддин: (механдад) "Бале ин орзу то ҳол дар дили ман ҳаст ва ман ба сӯи ин орзу мешитобам ва зиндагии ман бо ҳамин орзу аст."

Радиои Озодӣ: Саъй накардед, то дар ягон филми тоҷикӣ нақш биёфаред?

Садриддини Наҷмиддин: (оҳ мекашад) Худо кай "Тоҷикфилм"- и мо ба кор дарояду мо нақш биёфарем. Мо пир мешавем, то он вақт.

Радиои Озодӣ: Шумо фарзанддор ҳастед, бале?

Садриддини Наҷмиддин: "Бале ду фарзанд дорам."

Радиои Озодӣ: Чанд сол доранд?

Садриддини Наҷмиддин: "Духтарчаам Манижа чорсола, Маҳмудҷон писарчаам дуюнимсола."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз овозхонҳои тоҷик ҳатман писар ва ё духтарашон овозхон мешаванд, шумо низ мехоҳед, ки фарзандонатон пайрави шумо бошанд?

Садриддини Наҷмиддин: "Фарзандони ман агар ба роҳи ман бираванд ман зид нестам. Лекин намехоҳам, ки онҳо аз синни хурдсолӣ бисёр дар телевизион ва радиоҳо баромад кунанд, чунки ин зарур нест. Зеро вақте ҳунарманди хурдсоле аз хурдӣ зиёд дар назар менамояд, вақте ӯ бузург мешавад, дигар дар назари мардум, чӣ хел гуям, ҳунарманди хуб наменамояд. Барои ҳамин ҳунарманд аввал бояд пурра пазад баъд ба саҳна барояд."

Радиои Озодӣ: Агар ҳамон духтарчаи чаҳорсолаатон ба шумо бигӯяд, ки падарҷон овозхонии шумо ба ман маъқул нест, шумо чӣ ҷавоб медиҳед?

Садриддини Наҷмиддин: "Ман ҳеҷ кор карда наметавонам, чунки ӯ ҳам шунаванда аст ва интиқоди худро дорад, лекин ҳоло ин тавр нест ва ӯ ҳама таронаҳои маро азёд медонад."

Радиои Озодӣ: Шумо нияти баровардани диски наверо дар ояндаи наздик доред ва ё таронаи наве эҷод кардаед?

Садриддини Наҷмиддин: "Дар Имороти Муттаҳидаи Араб дар пайи он ҳастам, ки албоми нави худро клипсозӣ кунам. Он аз даҳ тарона иборат аст ва инчунин даъватнома гирифтаам, аз Лос-Анҷелес, ки он ҷо маро давъат кардаанд, барои клипсозӣ ва пахш кардани клипҳои ман аз тариқи телевизиони ITN, вале афсӯс, ки ман маблағ надорам, то ба он ҷо сафар кунам. Вале мақсад дорам, маблағе кор карда ба он ҷо сафар кунам."

Радиои Озодӣ: Телевизиони ITN телевизиони эрониҳо аст, бале?

Садриддини Наҷмиддин: "Бори аввал дар ин телевизион таронаи маро пахш карданд ва маро муаррифӣ намуданд. Ва инчунин гуфтанд, ки дар оянда мехоҳанд, бо ман ҳамкорӣ кунанд. Онҳо маро даъват карданд ва гуфтанд, ҳар вақте ки омода мешавӣ, моро огаҳ кун, мо шуморо расман ба Амрико даъват хоҳем кард, лекин алъон шароит нест."

Радиои Озодӣ: Он албоми наве, ки таҳия мекунӣ, ҳамааш клип аст?

Садриддини Наҷмиддин: "На ман аз ин баъд тасмим гирифтам, аз ин баъд ҳар як таронае, ки эҷод мекунам, ба ҷомаи клип дарорам."

Радиои Озодӣ: Коргардонии клипҳои шуморо дар Имороти Муттаҳидаи Араб кӣ мекунад?

Садриддини Наҷмиддин: "Дӯстони эронӣ дорам бо исмҳои Яздон ва Муртазо, ки клипсозони хуб ҳастанд. Алъон як таронаи маро омода кардаанд, баъд аз Рамазон аз пайи таронаҳои дигар мешавем."

Радиои Озодӣ: Он кадом тарона аст, ки клип шуд?

Садриддини Наҷмиддин: "Ин таронаи нави ман "Зиндагӣ чунин аст" унвон дорад."

Радиои Озодӣ: Метавонед, як пораашро бихонед?

Садриддини Наҷмиддин:
Мусулмонон дар ин шаҳри шумо ошиқ надидам,
Ба дарди ошно меҳру вафодорӣ надидам.
Аз ин ҷабру ҷафо аҳд ба паймона буридам,
Ғуруб гаштам аз ин ҷабру ҷафо дард харидам.
Зиндагӣ чунине, сазоворам ҳамине,
Ашку ғаму андӯҳ ба дилхона нишине.


Радиои Озодӣ: Баъзе таронаҳое, ки овозхонҳои тоҷик месароянд, мантиқан хароб ҳастанд ва танқиди зиёд ҳам мешунаванд. Назари шумо ба ин чист?

Садриддини Наҷмиддин: "Ман фикр мекунам, ки ин ҳама таъсири мусиқии рус аст, чунки бештар ҷавонони мо ба он такя мекунанд ва як чизро намефаҳманд, ки мо хуни шарқӣ дорем ва танҳо мардуми шарқ метавонанд моро қабул кунанд, на русҳо, на аврупоиҳо ва на амрикоиҳо. Мусиқии онҳо аз мо хеле дур аст, баъзе матни сурудҳои онҳоро ман мехонам, хандаам мегирад, зеро на маънӣ доранд ва на қофияву радиф.
Ва онҳо ҳама кӯр-кӯрона ба Русияву Аврупо тақлид мекунанд, ки ин ҳеҷ мусиқии моро ба пеш намебаранд ва мо ягон вақт наметавонем, бо ин гуна санъаткорон ба арсаи ҷаҳонӣ бароем."
XS
SM
MD
LG