Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни имтиёздорро хориҷ мекунанд


Раҳбарияти Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ дар номаи худ ба унвони раисони ноҳияҳои Бадахшон аз бесаводии довталабоне, ки бо квотаи президентӣ ба донишгоҳ роҳхат мегиранд, шикоят кардаанд. Дар давоми ҳамагӣ ду моҳи таҳсил аз 30 нафар донишҷӯи квотадор се нафарашон аз донишгоҳ хориҷ шудаанд.
"Ва гумон аст, ки беш аз нисфи онҳо шаҳодатномаи хатми донишгоҳи моро бигиранд." - мегӯяд муовини раиси Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ Имомёрбек Қаландарбеков.
Барои роҳ наёфтани довталабони камсавод ба донишгоҳ мегӯяд Имомёрбек Қаландаров, мо пешниҳод кардем, ки ба ҷойи як нафар ду, ё се нафар ба донишгоҳ роҳхат бигиранд, то мо битавонем, аз байни онҳо хонандаи беҳтар интихоб кунем: "Пешниҳоди дигари мо ин буд, ки худи устодони донишгоҳ ба деҳоти дурдаст сафар карда, дар маҳалли зист дониши довталабонро бисанҷанд."
Ба қавли муовини раиси Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ, на ҳамаи онҳое, ки бо роҳхати руасои навоҳӣ, ки ба донишгоҳ меоянд, аз деҳоти дурдаст мебошанд. Агар дар вазорати маориф низомномаро дар робита ба қарори мазкур тағйир надиҳанд, мегӯяд Имомёрбек Қаландаров, шумораи донишҷӯёни чаласавод ба маротиб меафзояд ва макотиби дурдаст низ ба гумон аст, соҳиби омӯзгор гарданд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG