Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кидат"-и муҳоҷирони меҳнатӣ, идомаи баҳси манъи масҷидравии занон ва зарбаи ҷонкоҳ ба имиҷи давлати ҳуқуқбунёд


"КИДАТ"-И МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ"

Дар ҳоле ки вақтҳои ахир сару садоҳо дар мавриди аз тариқи қонунӣ ба мардикорӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон баланд мешаванд, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе унвонии «Кидат» мушкили мухоҷирини меҳнатии тоҷик дар хориҷ ва аз сӯи корхонаи «Суғдхориҷакор» дубора мавриди фиребу азият қарор гирифтани сокинони шимоли ин кишварро баррасӣ кардааст. Рӯзнома навиштааст: "Муҳоҷирон фаҳмиданд, ки фиреб хӯрдаанд. Ташкилоти дар шартнома зикршудаи «Помирстрой»-и Челябинск вуҷуд надорад, аниқтараш, он муфлис шудааст ва се нафар роҳбарони хилофи қонун фаъолияткардааш суд ва аз озодӣ маҳрум гаштаанд."
Ба гуфтаи рӯзнома, соли гузашта низ корхонаи «Суғдхориҷакор» гурӯҳи калони сокинони ин минтақаи Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар бо фиребу найранг ба иштибоҳ андохта, ба ранҷурии сангин гирифтор намуда буд. Аммо, навиштааст муаллифи ин мақола, баъд аз ин айб низ роҳбарияти ин корхона натанҳо иваз нашуд, балки ҳатто гӯшмоле надид. Аз ин рӯ онҳо дубора ба ғорату фиреби мардум даст заданд.

"ИДОМАИ БАҲСИ МАНЪИ МАСҶИДРАВИИ ЗАНОН"

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Наҷот» баҳсҳо атрофи мавзӯи манъи масҷидравии занон ба масҷидро идома додааст. Дар матлабе муаллиф дар мавриди ин баҳсхо навиштааст: "Занон ниёзи шадиде ба он макон доранд. Дар ин айёми гирифториҳои зиндагӣ фитрати инсон ниёз ба оромии рӯҳ дорад. Розу ниёз ба Парвардигораш дорад. Хоҳиш мекунем, қулфи дари масоҷидро шиканед. Қарори ноодилонаи худро шӯрои уламои Тоҷикистон канор гузоред. Синаҳои пурдарду алами зани мусалмони тоҷикро насӯзонед. Даҳҳо клубу дискотекаву тарабхонаву кинотеатр аз занону духтарони бараҳнаю нимбараҳна пур аст. Сари кӯчаю боғҳо амалҳои беҳаёона ҳар лаҳза сурат мегирад».
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як нишасти бошукӯҳ ба ифтихори 10 -солагии Қонуни асосии ин кишвар қарори уламои Тоҷикистон дар мавриди мамнӯъ эълом кардани намозгузории занон дар масҷидро пуштибонӣ карда буд ва ҳафтаномаи «Азия плюс» сармақолаи нашри тозаи худро ба суханронии оқои Раҳмонов дар ин нишаст бахшидааст.

"ҚАЗИЯИ РӮЗНОМАҲОИ ОЗОД - ЗАРБАИ ҶОНКОҲ БА ИМИҶИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД"

Ҳамзамон бо ин, «Азия-Плюс» дар муқоиса ба дигар нашрияҳои чопи Душанбе ба қазияи рӯзномаҳои «Рӯзи нав» дар мавриди аз сӯи мақомоти полиси молиёт боздошт шудани теъдоди шумораи ахир ва «Вечерний Душанбе» барои дар баррасии додгоҳи муттаҳам ва 5000 сомонӣ ҷарима шудан таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардааст. Муаллифи матлаб дар мавриди боздошти теъдоди нашри ахири «Рӯзи нав» менависад: "Раҷаби Мирзо сардабири «Рӯзи нав» хисороти аз боздошти теъдоди чопи ахири нашрия расидаро 5000 доллар баҳогузорӣ кардааст ва идораи рӯзнома аз ин амалкарди мақомоти пулиси молиёт ба додгоҳ арз карданист.»
Ин дар ҳолест, ки «Азия-Плюс» дар мавриди қазияи додгоҳии нашрияи «Вечерний Душанбе» ва Намоз Амиров, муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе навиштааст: "Ҳамин тариқ, ба назари мо бо назардошти консепсияи маҳдудсозии озодии сухан метавон хулоса кард, ки маҳдудсозии озодии сухан дар мавриди қазияи «Вечерний Душанбе» дар қонун пешбинӣ шудааст".
Ҳафтаномаи «Наҷот» низ аз қазияи нашрияи «Рӯзи нав» изҳори нигаронӣ карда дар матлабе доир ба ин мавзӯъ хулоса кардааст: «Набояд фаромӯш кард, ин ҳама амалкарди масъулини кишвар, ки ҷор аз ҳуқуқбунёдиву демократикунонии ҷомеа мезананд, зарбаи сахту ҷонкоҳе хоҳад гашт, ба сохтори давлатдории кишвар, демократияву ҳуқуқбунёдиамонро зери шубҳаи ташкилоту созмонҳои хориҷии ёрирасону донор қарор хоҳад дод.»
XS
SM
MD
LG