Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти як қурбонии траффик ба Тоҷикистон


Cозмони Ҷаҳонии Муҳоҷират рӯзи 12 ноябр иттилоъ дод, як зани муҳоҷири тоҷик, ки беш аз як сол дар Исроил аз тарафи як гурӯҳи қочоқбар аввал ба танфурӯшӣ ва баъд ба ғуломӣ водор шудааст, ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Ин созмон гуфт, ба хотири амният ва обрӯи ин зан номи ӯро эълон нахоҳад кард. Нигина Муҳаммадҷонова - ҳамоҳангсози барномаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин зан ҳатто имконияти истеъмоли ғизо намедоданд ва ӯро дар хонае зиндонӣ кардаанд: "Ӯ ҳамчун дар ҳабсхона зиндагӣ мекард ва танҳо бо кӯмаки ҳамсояҳои он биное, ки ӯ дар он ҷо зиндонӣ будааст, он зан ба як ташкилоти ғайридавлатӣ муроҷиат мекунад. Ва он созмон ба мо муроҷиат кард ва мо он занро баргардонидем."
Нигина Муҳаммадҷонова гуфт, дар Тоҷикистон на танҳо занон, балки наврасону мардон низ фирефтаи гурӯҳҳои қочоқбар мешаванд. Ба гуфтаи вай, созмони онҳо тайи ду моҳи ахир барои баргаштани 10 қурбонии гурӯҳҳои қочоқбар, бо шумули ҷавонзанони то 30-сола ва кӯдакони ноболиғ ба Тоҷикистон мусоидат кардааст.
Тибқи иттиллои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ин созмон тайи 10 моҳи соли равон ҳудудан 30 нафар қурбониёни траффик ва ё қочоқи инсонро кӯмакҳои тиббиву равонӣ кардааст, ки шаш нафари онҳо ноболиғ мебошанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG