Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷароҳои оилавӣ сабаби аслии худкушиҳо


Бар асоси иттиллои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 70 нафар сокинони ин вилоят аз тариқи худкушӣ ҷони худро бохтаанд. Миралӣ Салимов, роҳбари дафтари матбуоти Раёсати умури дохилаи Хатлон зимни таъйиди ин хабар гуфт, тайи ин муддат 86 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани сокинони вилоят дар мақомоти умури дохила сабт шуда ва фақат 16 нафари онҳо ба нияти хеш нарасидаанд: "Дар вилоят дар давоми даҳ моҳ 86 ҳодисаи худкӯшӣ ба қайд гирифта шудааст, аз 86 ҳодиса шонздаҳтоаш қасд ба худкушӣ аст, яъне аз он пешгирӣ кардаанд. Аз ин шумора 40 нафар мардон, ки 10 нафарашон ноболиғ ва занҳо 46 нафар, ки 3 нафарашон ноболиғ мебошанд."
Оқои Салимов ҳамчунин афзуд, бештарини мавориди худкушӣ дар миёни сокинони вилоят аз тариқи худовезӣ сурат гирифтааст. Роҳбари дафтари матбуоти Раёсати умури дохилаи Хатлон афзуд, ташхиси кормандони мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки аз ҷамъи сокинони ба ҷони худ сӯиқасдкарда 42 нафар баъд аз муноқишаҳои оилавӣ, 25 нафар бо иллати гирифтор будан ба бемории рӯҳӣ ва 10 нафар бо сабабҳои номаълум роҳи худкуширо интихоб кардаанд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG