Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Бар асоси омори расмии мунташиркардаи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон мизони ҷинояткорӣ дар кишвар назар соли гузашта чаҳор дарсад коҳиш пайдо кардааст. Дар ин муддат дар маҷмӯъ дар саросари Тоҷикистон 8400 ҷиноят содир шудааст. Бар асоси ин ҳисобот, аз ҷумла ҷиноятҳои тавассути силоҳ анҷомшуда 18 дарсад ва худи ҳодисаҳои нигаҳдории силоҳ низ 16 дарсад камтар шудааст.
Аммо дар айни ҳол ҷиноёти иқтисодӣ ва ришваситонӣ назар ба соли гузашта бар асоси ин гузориш то 2, 5 ва садамаҳои ронандагӣ, ки боиси марги ҷабрдидагон шуда бошад, то 4 то дарсад рущд кардааст. Дуздӣ аз ҷумла дуздии амволи манозили хусусӣ низ то 35 дарсад кам шудааст.
Нақзи муқарарорти гумрукӣ низ яке дигар аз намуди қонуншиканӣ мебошад, ки то 16 дарсад ва насупоридани молиёт, ё андоз бештар аз 2 дарсад афзоиш дошта аст. Тибқи ин омор, бештар аз шаст дарсади ҷинояткорони ошкоршуда касоне мебошад, ки аз 30 то 49 сол доранд. Бар асоси гузориши кумитаи омори Тоҷикистон бештар аз 65 дарсади касоне, ки ҷиноят содир кардаад, касонеанд, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG