Пайвандҳои дастрасӣ

"Телерадиоком" ва "Тоҷиктелеком" хусусӣ мешаванд


Рӯзи 11-уми ноябр барои нахустин бор дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои комиссияи мухобиротии ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои муштаракулманофеъ ва кишварҳои Балтик оғоз ба кор кард. Нуриддин Муҳиддинов - дабири кулли Кумитаи иҷроияи шӯрои ҳамкориҳои минтақавии мухобиротии кишварҳои муштаракулманофеъ гуфт, дар ин нишаст масоили истифода аз технологияи ҷадиди иртиботӣ, таъйини нархномаҳои яксони мухобиротӣ миёни кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои минтақавӣ, раҳандозии системаи нави элекронии алоқа, боло бурдани сатҳи тахасусии кормандони соҳаи мухобирот, яксонсозии муқаррарот ва таъминоти молии шӯрои мазкур баррасӣ шуд.

Саидҷон Зубайдов - вазири мухобироти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пайвастани Тоҷикистон ба системаи ҷаҳонии мухобирот метавонад, ба рушди иқтисод ва соҳаҳои дигари ҷомеъаи ин кишвар мусоидат намояд: "Мо танҳо ба системаи ҷаҳонии алоқа сару кор доштан мехоҳем, чунки ин системаи пешрафта мебошад." Оқои Зубайдов афзуд, феълан вазорати алоқаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо як ширкати бонуфузи олмонӣ пойгоҳи техникии муштарак созмон додаанд, ки соҳаи мухобироти Тоҷикистонро бо таҷҳизот ва фанновариҳои муосир таъмин менамояд.

Ба гуфтаи Саидҷон Зубайдов, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз соли 2005 то 2007 бояд ширкатҳои бузурги мухобиротии кишвар, "Тоҷиктелеком" ва "Тоҷиктелерадиоком"-ро бояд хусусӣ карда шаванд. Анатолий Хромов-сарвари гурӯҳи кории Русия бар ин аст, ки пайвастани кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба хатти электронии алоқа бо номи ИМТ-МС-450 метавонад, ин кишварҳоро бо тамоми нукоти ҷаҳон дар иртибот гузорад. Вай мегӯяд: "Хатти электронии мазкур аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ санҷида шудааст ва истифода аз он хеле осон ва муфид мебошад."

Ҷаъфар Рустамов - роҳбари дастгоҳи ҷамъияти саҳомии "Тоҷиктелеком" мегӯяд, Тоҷикистон барои дарёфти технологияи ҷадиди мухобироти ба 15 миллион доллар ва муттахасисони соҳибтаҷрибаи соҳаи мухобирот ниёз дорад: "Мо аз Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд 13 миллион доллар қарз кардем ва системаи алоқаи худро ба рақами табдил додем, боз барои корҳои дигари соҳа 15 миллион доллари дигар лозим аст." Дар ҳамоиши минтақавии операторони соҳаи мухобирот дар Душанбе намояндагони 12 кишвари собиқ шӯравӣ ва кишварҳои каронаи Балтик, Латвия ва Молдова ширкат дошта, масоили марбут ба иртиботи мухобироти миёни кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG