Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ба маъюбон фақат нон даркор аст?


Қӯрғонтеппа

Холиса Собирҷонова, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, бо ду фарзанди ноболиғаш, ки якеи онҳо маъюб аст, чаҳор фасли солро дар як хоначаи оҳанӣ, ё худ вагон ба сар мебарад. Хонум Собирҷоноваро низ як дасту по маъюб аст. Аммо ба гуфтаи ин хонуми бесарпаноҳ шаҳрдории Қӯрғонтеппа, дар ҳамин ҳоли сангин мехоҳад, ӯро хориҷ аз ин шаҳр намояд: "Ман аз соли 1993 то соли 1997 дар қайди кӯчаи Ленин дар хонаи як нафар шинос будам. Падари шавҳарам ваъда карда буд, вале имкон пайдо накард, ки онро барои ман харидорӣ намояд. Аммо соҳиби хона маро дар қайди хонааш гузошт, то аз ин шаҳр берун накунанд."

Ба эътиқоди хонум Собирҷонова иддаои масъулони шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар он аст, ки ӯ ба ноҳияи Бохтар баргардад ва ба кишоварзӣ машғул шавад. Ӯ меафзояд, дар ҳоле ки ягон манбаи даромад ва рӯзгузаронӣ надорад ва ҳамчунин бо иллати маъюбӣ наметавонад ба коре машғул шавад, умед ба кӯмакҳои башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бастааст. Маводи аввалияи рӯзгузарониро, мегӯяд хонум Собирҷонова, комилан набошад ҳам ба арзи кофӣ аз тариқи ин созмонҳо дастрас мекард, вале феълан чунин кӯмакҳо коҳиш ёфтааст ва фақат чунин як кӯмакҳоро аз сӯи Ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтаппа ва ашхоси хайрхоҳ мунтазир аст: "Ду сол шуд, ки аъзои ин ҷамъият ҳастам ва ҳар чӣ имонашон пайдо шавад, хоҳ каду, хоҳ собун, ё чизи дигар ёрӣ мерасонанд. Ҳозир чор донагӣ дафтар ёрдам карданд. Ҳангоми ҷарроҳии писарам ба ҳукумат муроҷиат кардам, ягон тин кӯмак накарданд, ин ҷамъият бошад 10 сомонӣ ёрӣ расонд."

Дар ҳамин ҳамин ҳол Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа бар ин назар аст, ки дар бештарин маворид ноадолатӣ аз сӯи хонум Собирҷонова ва ашхоси ба ин монанд сурат мегирад: "Ӯ маъюбам гуфта, ба ихтиёри худ ба хонаи як нафар дар "Райпотребсоюз" (Идораи Тоҷикматлубот) зада даромадааст. Аз он ҷо пеш карданд. Аз он ҷо хонаи як нафари дигар даромад, зада бароварданд. Ҳозир дар як вагон зиндагӣ дорад. Ҳол он ки хонаи худаш дар Заргар мавҷуд аст."

Ин дар ҳолест, ки масъулони Ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа иброз доштанд, дар ҳоли ҳозир наметавонанд, ба кулли аъзои ҷамъият кӯмакҳои бештар расонанд. Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа мегӯяд, "мо ҳудуди 1800 нафар аъзо дорем ва ҳаққулузвият аз ҳар нафар дар як сол 50 дирам аст, ки ҳаддалимкон маблағи ҷамъшударо барои пуштибонии маъюбони вазъи сангини зиндагидошта харҷ мекунем."
Аммо ба гуфтаи ӯ, дар мавриди пуштибонии аъзои Ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа созмонҳои байналмилалӣ саҳми бештар доштаанд: "Мо бо созмони байналмилалии Авруосиё ҳамкорӣ дорем, ки чор сол боз 11 нафар маъюби бистарии моро бо ғизо таъмин мекунанд. Ба аксари маъюбон ба таври хайрияи мардум дар арафаи идҳо кӯмак мерасонем."

Оқои Бобоҷонов афзуд, бо назардоши имконоти кӯмакрасонӣ ба аъзои ҷамъият дар назди муассиса як нуқтаи дандонпизишкӣ, сартарошӣ ва сехи либосдузӣ боз намудаем, ки аъзои ҷамъият аз хизмати онҳо ройгон истифода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти маъюбон ҳар моҳ аз ин нуқот 120 сомонӣ манфиат мегирад. Оқои Бобоҷонов гуфт, бо барномаи озуқаи СММ як тарҳи дигарро дар мавриди бо ҷои кор таъмин намудани 35 нафар маъюб омода сохтаем, ки рӯзҳои наздик рӯи кор хоҳад омад. Бар асоси ин лоиҳа, дар бинои ҷамъият чанд дастгоҳи либосдӯзӣ насб шуда ва ба хизматрасонӣ шурӯъ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Садафмоҳ Боймуродова, як нафар зани бесарпарасти маъюб, ки дар як ҳуҷраи бинои Раёсати ҷамъияти маъюбон иқомат дорад, гуфт зиндагии ӯ ва се нафар фарзандаш бо маоши моҳонаи фаррошӣ дар ин ҷамъият ва кӯмакҳои он пеш меравад. Ба гуфтаи хонум Садафмоҳ, агар Ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа аз ӯ пуштибонӣ намекард, бо фарзандонаш дар кӯча мемонд: "Вақте ки аз шавҳари маъюбам ҷудо гаштам, бо се кӯдак маро аз хона пеш карданд. Ба суди вилоят муроҷиат кардам, ба ман ҷавоб доданд, ки хона аз ҷамъияти нобиноён аст ва онро бояд тарк намоӣ."
Ин дар ҳолест, ки раиси ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа мегӯяд, феълан дар ин шаҳр нафарони зиёд ба пуштибонӣ мӯҳтоҷанд. Ба гуфтаи ӯ махсусан маъюбон, ки солҳои ахир теъдоди онҳо дар Қӯрғонтеппа афзоиш ёфтааст, ба ғизо, манзил, асобағал ва аробачаҳо эҳтиёҷи бештар доранд, вале дар ҳоли ҳозир ашхоси хайрхоҳ ва созмонҳо ба онҳо фақат ғизо кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG