Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Тоҷикистон ба марги Ёсир Арафот


Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли таъзиянома дар робита ба марги президент Ёсир Арафот ба раҳбарони ташкилоти худгардони Фаластин изҳори умедворӣ намудааст, онҳое, ки ҷойгузини Арафот мешаванд, сиёсати ӯро идома медиҳанд ва низоъи Фаластину Исроил бо роҳи мусолиматомез ҳал мешавад. Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш ҳамеша ҷонибдори он буд ва ҳаст, ки қазияи Исроилу Фаластин бо роҳи музокирот ва сулҳомез ҳал шавад. Вай афзуд, "Умед дорем, сиёсате, ки Ёсир Арафот ҳамчун роҳбари давлати Фаластин пеш мебурд, аз ҷониби роҳбарияти ҳозира идома хоҳад ёфт."
Раҳбари фаластиниҳо Ёсир Арафот, ки тайи чиҳил сол ба муборизаи давлатхоҳии мардумаш сарварӣ кардааст, субҳи рӯзи панҷшанбе, 11 ноябр дар бемористони Персии Фаронса аз дунё гузашт. Ҳукумати Исроил, ки Арафотро террорист ном мебурд, гуфт, ки марги Арафот гардишеро дар раванди сулҳи Ховари Миёна ворид хоҳад кард. Дар робита ба марги Арафот раҳбарияти фаластиниҳо мотами 40 рӯза эълон намуданд. Соиб Урайқот, вазири музокироти Фаластиниҳо, зимни эълони марги Арафот ин рӯзро барои таърихи фаластиниҳо рӯзи сиёҳ унвон намуд.
Мирзонабии Холиқзод, Соҷидаи Мирзо
XS
SM
MD
LG