Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии нозирон ба интихоботи парлумонӣ


Қонуни нави интихоботи Тоҷикистон ҳамаи ҳақро барои ҳузури нозирони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ додааст, вале нозиронро мебояд, огоҳона аз ин қонун ба ҷараёни интихоботи парлумонӣ назорат баранд. Ин нукта дар як семинарии омӯзишие, ки аз тарафи Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ ва Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд таъкид шуд. Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ҳадаф аз омода намудани нозирон ҷилавгирӣ аз ҳар шакли таққалубкорӣ дар ҷараёни интихобот мебошад.
Оқои Маҳмадазимов афзуд, дар миёни 65 тренинг, ё устод 22 нафар интихоб шуд ва онҳо ба ҳеҷ ҳизб тааалуқ надоранд: «Дар ин семинар ҳуқуқ ва вазоифи нозири байналхалқӣ ва дохилӣ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин ҷараёни пешбарии номзадҳо ва наҳваи сабти номи номзадҳо ба нозирон омӯзонида хоҳад шуд. Онҳо ҳамаҷониба омода карда мешаванд, то ки ба тақаллуб ва сохтакориҳо роҳ дода нашавад.»
Аммо раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар маҳаллаҳо мардум аз оддитарин банду фаслҳои Қонуни интихобот огаҳӣ надоранд. Оқои Шабдолов семинари мазкурро бисёр муҳим хонд ва афзуд, агар нозир дониши кофии сиёсӣ ва огоҳӣ аз қавонини ҷориро надорад, ин заминаи эҷоди таққалуб дар ҳавзаҳо хоҳад шуд. Тибқи иттиллои Бунёди байналмиллалии системаҳои интихоботӣ нозирони тамриндида баъди анҷоми семинар ба навоҳию вилоятҳо мераванд ва нозирони аҳзоби сиёсиро аз бардошту таҷрибаҳои худ таълим медиҳанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG