Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия шароити кори худро дар Сангтӯда эълон кард


Михаил Фрадков - нахуствазири Русия мусаввабаи созишномаи марбута бо Тоҷикистонро имзо ва шеваҳои ширкати кишвари худро дар эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда дар Тоҷикистон мушаххас кард.
Бар асоси ин санад Русия аз ҳисоби воме, ки болои Тоҷикистон дошт, 50 миллион долларро ҳамчун саҳмияи худ ба сохтмони нирӯгоҳи Сангтуда ихтисос медиҳад. Гузашта аз ин, Русия зарфи чор сол барои идомаи сохтмон 200 миллион доллар масраф хоҳад кард. Дар санад гуфта мешавад, барои раҳандозии тарҳ ширкати саҳҳомии вижа таъсис мешавад. Тарҳ бо усули тақсими тавлидот бо назардошти сармояҳои масрафкардаи ҷонибҳо иҷро мешавад ва ҳар кишвар ба андозаи сармояи масрафкаради худ тавлидот дарёфт мекунад.
Тавзеҳ шудааст, ибтидо аз якуми январи соли 2005 ширкати РАО ЕС-и Русия ва вазорати энержии ин кишвар бояд қиммати сохтмони нирӯгоҳи Сангтударо ҳамоҳанг намоянд. Вазири энержӣ ва саноеъи Русия Виктор Христенко пештар маблағи сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯдаро ҳудудан 90-120 миллион доллар баровард карда буд.
Дар ҳамин ҳол Христенко таъкид кардааст, дар созишномаи байни Тоҷикистон ва Русия масъалаи калидӣ ба ҷониби Русия додани ҳамгуна умур ва эҳдоси ниҳоии нирӯгоҳ хоҳад буд. Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки назарияи фаннӣ ва иқтисодии тарҳ бо кӯмаки молии РАО ЕС-и Русия анҷом шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG