Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кодекси нави андоз, фишори идораи роҳи оҳани Ӯзбакистон


КАШФИЁТҲОИ "ТОҶИКИСТОН" АЗ КОДЕКСИ НАВИ АНДОЗ

Дар ҳоле, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ахиран Қонуни молиёти ин кишварро дар таҳрири нав мақбул донист, нашрияҳои чопи Душанбе дубора сари ин мавзӯъ баргаштанд. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе таҳти унвони «Авфи андоз» навиштааст: "Давлат зимни гузаронидани «авф»-и андоз чӣ мақсад дорад? Мақсади асосӣ он аст, ки буҷа аз ҳисоби маблағҳои қарзҳои мӯҳлаташон гузашта афзун гардонида шавад. Дуюм вазифаи на камтар муҳим он аст, ки базаи андозбандӣ аз ҳисоби ҷалби соҳибкорон ва сектори маъкуф ба муомилоти рушоди иқтисодӣ зиёдтар ҷалб карда шавад. Дар назар аст, ки бо талофии гуноҳҳои пештара андозсупор намехоҳад, ки гуноҳҳои нав содир кунад. Аз ин рӯ кӯшиш мекунад, ки андозро сари вақт ва дар мӯҳлаташ пардозад."

ВА ШИКОЯТИ "ТОҶИКИСТОН" АЗ РАФТОРИ УЗБАКИСТОН

Ин ҳафтанома ҳамчунин мушкилоти ба мусофирони қатораҳои Тоҷикистон пешовардаи Узбакистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба гуфтаи рӯзнома, бар асоси як барқия ширкати «Узжелдорпас»-и Узбакистон унвонии Шӯрои роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳи оҳани Тоҷикистон минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон бе раводиди раҳгузарӣ, ё худ тронзитӣ аз ҳудуди ин кишвар убур карда наметавонанд. Ин дар ҳолест, ки менависад рӯзнома, созишнома оид ба убури ҳудуди кишвари ҳамсоя, ки чанд соли ахир амал мекард, дар назар дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бе ҳеҷ гуна раводид ва шиносномаи хориҷӣ метавонанд, то 1 январи соли нав мувофиқи он равуо намоянд». Муаллифи матлаб аз номи муовини сардори идораи мусофиркашонии идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Александр Адрианов навиштааст, ки ҷониби Узбакистон доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба кори мунтазами роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон халал ворид созад».

МУШОҲИДАҲОИ "НАҶОТ" АЗ САРГАРДОНИҲОИ МУҲОҶИРОН

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Наҷот» ҷорӣ шудани қавоиди шиносномаи хориҷӣ ва визаи тронзити ҳангоми убури кишварҳо ва ворид шудан ба Русияро аз мушкилоти нави мардикорони тоҷик номидааст. Муаллифи ин матлаб навиштааст: «аксари мардикороне, ки сафари Русия менамоянд, сокинони деҳоти Тоҷикистонанд. Баъд аз ҷорӣ намудани системаи нави убуру мурур онҳо водор мегарданд, ки ҷиҳати дарёфти визаи транзитӣ чанд рӯзу моҳе дар кӯчаҳои Душанбе овора гарданд, маблағи зиёд сарф кардаву омаду рафт намоянд. То визаи тронзитии Узбакистону Русияро пайдо насозанд, ҳаққе надоранд, ки чиптаи қатора то Астрахани Русияро харидорӣ намоянд.»

НАВИШТАИ "ЗИНДАГӢ" ДОИР БА ЗИНДАГӢ ДАР ҒАРИБӢ

«Зиндагӣ», ҳафтаномаи вижаи ҷавонони Тоҷикистон низ зимни нашри як матлаб бо номи «Ғарибию-таҳаммул» ба мавзӯи бекории ҷавонон, муҳоҷирати кории онҳо ба хориҷ ва шароити ҳуқуқии муҳоҷирин дар ин кишварҳо рӯ овардааст. Ба навиштаи нашрия, дар ҳоле, ки ҷавонони тоҷик аз ҳуқуқи худ дар муҳоҷират комилан бархурдор нестанд, ҳуқуқи муҳоҷирини босаводтарро низ дар ин кишварҳо ошкоро поймол мекунанд.»
XS
SM
MD
LG