Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси як шаҳрванд бо ҳукумати Тоҷикистон дар додгоҳ


Раиси корхонаи хусусии "Чорсабз" дар Душанбе ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид. Рустам Хоҷаев - раиси он иддао дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо судури як дастури ғайриқонунӣ иншооти ниматамоми пойгоҳи тухмипарвариро, ки соли 1999 аз тариқи музояда хусусӣ шудааст, мехоҳад дубора бозпас бигирад. Ба гуфтаи Хоҷаев, дар марҳалаи аввали муҳокима дар додгоҳи иқтисодӣ аз сӯи давлат муовини додситонии кулли кишвар ширкат карда ва натоиҷи музоядаи соли 1999-ро таҳти суол қарор дод, вале додгоҳ даъвои ӯро ба иллати набуди далел напазируфт.
Дар мурофиаҳои баъдӣ, ки намояндаи ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби муддаӣ ширкат кард, додгоҳ натоиҷи музоядаи соли 1999-ро, ки Биржаи молу ашё - ниҳоди масъули вақти ҳукумати Тоҷикистон анҷом дода буд, ғайриқонунӣ номид. Мурод Дустмуродов - мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба намояндагӣ аз ҳукумат дар муҳокимаи додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳузур дошт, гуфт, иншооти мазкур бо нақзи муқаррарот ба моликияти хусусӣ табдил шудааст: "Қарори додгоҳи олии иқтисодӣ аст, ки ҳамон он музоядаи харидуфурӯши ҳамин объекти баҳснок ғайриқонунӣ эълон шудааст ва тамоми ҳуҷҷатҳои минбаъда низ ғайриқонунӣ эътироф шудааст. Мо чунин ҳисоб мекунем, музояда ғайриқонунӣ гузаронида шудааст ва додгоҳ онро дуруст ба ҳукумат бозгардонд."

Аммо Рустам Хоҷаев - раиси корхонаи хусусии "Чорсабз" мӯътақид аст, бинои мазкурро бо риояти ҳамаи меъёрҳо аз дасти нафари дуввум харидааст ва дар ин муомилот ҳеҷ амали хилофи қонун сурат нагирифтааст.
Вай мегӯяд: "Ман харидори бовиҷдон ҳастам. Ман ин иншоотро соли 2002-ум харидам ва мехоҳам, ки тибқи моддаи 32-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ман соҳибмулк монам ва агар даркор бошад, тибқи ҳамон модда ҳатман бо ман муомила кунанд." Хоҷаев мегӯяд, барои ӯ норушан аст, ки чаро баъди чаҳор сол аз замони фурӯхта шудани ин пойгоҳ ҳукумат мехоҳад, дубора онро бозпас бигирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ барои ободии ин пойгоҳ маблағи калонеро харҷ кардааст.

Дар ҳамин ҳол ба иттиллои як манбаи огаҳ аз қазияи мазкур, азбаски иншооти ниматамоми пойгоҳи тухмипарварӣ дар ҳудуди замини барои пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе пешбинишуда ҷо гирифтааст, ҳукумат ҳатман онро бозпас хоҳад гирифт. Дар ҷараёни муҳокимаи даъвои раиси корхонаи "Чорсабз" аз болои ҳукумати Тоҷикистон дар додгоҳи олии иқтисодӣ, ки рӯзи 10 ноябр идома дошт, намояндаи ҳукумат ба иллати ба гуфтаи ӯ махфӣ будани асноди парванда дархост кард, ҷаласа пӯшида ва бидуни ҳузури хабарнигорон доир шавад.

Аммо Рузабегим Мавҷудова - додраси додгоҳи олии иқтисодӣ ва масъули муҳокимаи парвандаи мазкур муҳокимаи қазияро ба далели нокифоятии далоил дар ва набуди нусхаи аслии фармоиши ҳукумат ба вақти дигар гузошт. Вай гуфт, ки аз ҳукумати Тоҷикистон бояд нусхаи аслии ин ҳуҷҷатро ба ҳайъати мурофиа пешниҳод кунад.
Баҳсу даъвои миёни раиси корхонаи "Чорсабз"- и Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон дар сари сарнавишти иншооти ниматамоми пойгоҳи тухмипарварии пойтахт тайи ду соли ахир дар додгоҳ идома доштааст. Ин навбат низ дар марҳалаи муҳокимаи касатсионӣ дар додгоҳи олии иқтисодӣ қазия норӯшан боқӣ монд. Додраси додгоҳи иқтисодӣ дар кори муҳокима то охири моҳи равон танаффус эълом кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG