Пайвандҳои дастрасӣ

Номи қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон эълон шуд


Нарзуллои Латиф

Муҳаммадалӣ Саидов ва Екатерина Уржумсева қаҳрамонони шашкаи Тоҷикистон дар соли 2004-ум гардиданд. Ёқуб Раҳимов - сардовари мусобиқоти қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати мардон чордаҳ варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар рақобат карданд. Мубориза барои дарёфти медали тилло аслан миёни ду нафар, Муҳаммадалӣ Саидов аз шаҳри Душанбе ва Ҷонибек Сафаров, аз ноҳияи Рӯдакӣ то даври охирин идома ёфт. Дар рақобати байни ҳарду Муҳаммадалӣ Саидов ғолиб омад. Вай дар ҷамъбасти мусобиқот бо 12 хол аз 13 бозӣ ҷойи аввалро ишғол намуд ва нахустин бор соҳиби медали тиллои мусобиқот гашт. Ҷонибек Сафаров - қаҳрамони бисёркаратаи шашкаи Тоҷикистон, ки ҷойи дувумро ишғол кард, бо медали нуқраи мусобиқот сарфароз шуд. Вай дар 13 бозӣ 11,5 хол ба даст овард. Раҳмиддин Сайёраев аз Душанбе бо 10 хол ҷойи севвумро касб намуд ва сазовори медали биринҷӣ гашт.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон миёни занон 12 нафар ширкат доштанд. Екатерина Уржумсева - варзишгари Душанбе, ки бар нӯҳ нафар рақиби худ дастболо шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод, бо нӯҳуним хол барандаи мусобиқот ва соҳиби медали тилло гардид. Матлуба Қосимова ва Хуршеда Назирова - ҳарду аз Душанбе, ки ҳаштхолӣ ба даст оварданд, мувофиқан ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол карданд ва бо медали нуқраю биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Нарзуллои Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG