Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ноиби сарфармондеҳи артиши Амрико ба Тоҷикистон


Муовини раиси Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико генерал-лейтенант Ланс Смит 10 ноябр вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе гардид. Бино ба иттиллои маркази матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе, Ланс Смит дар чаҳорчӯби сафари якрӯзааш, баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе бо иддае аз мақомоти ниҳодҳои низомии Тоҷикистон дидору гуфтӯгу анҷом додааст.
Алмос Сайфиддинов - сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал Ланс Смит рӯзи чоршанбе Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Ҳамчунин генерали амрикоӣ дар Кумитаи ҳифзи сарҳадот ва Горди миллии Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи он гуфтӯгу кардааст.
Мавзӯи аслии мулоқотҳо ба гуфтаи сафорати Амрико масоили марбут ба равобиту ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрико, наҳваи ироаи кӯмакҳо ба марзбонони тоҷик ва ҳамчунин роҳҳои муассири мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG