Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти бемории ғайримуқаррарӣ пас аз 14 сол


Нӯҳ сокини деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯроободи Хатлон дар натиҷаи истеъмоли гандуми покнашуда заҳролуд ва дар беморхонаи ноҳияи Фархор бистарӣ шудаанд. Ҳаким Худойбердиев, сардухтури Маркази назорати беҳдоштӣ ва вогиршиносии вилояти Хатлон зимни гуфт, иллати аслии заҳролудшавии сокинони деҳаи Шоҳон таъхир дар дарави ғалла ва дар ин муддат пухта расидани ҳосили алафҳои заҳрогин аст. Ба гуфтаи ӯ, сокинони маҳаллӣ ҳосили гандуми худро аз таввасути техника ҷамъоварӣ намуда, бе поксозӣ мавриди истеъмол қарор додаанд, ки сабаби ба бемории триходесма гирифтор шудани онҳо гаштааст.
Оқои Худойбердиев ҳамчунин афзуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз заҳролудшавии нафарони дигар истеъмоли 16 тонна ғалладонаи сокинони деҳаи Шоҳон аз сӯи мақомоти беҳдоштӣ мамнӯъ эълон карда шуд.
Сардухтури Маркази назорати беҳдоштӣ ва вогиришиносии Хатлон мегӯяд, триходесма бемориест, ки таркиби хунро заҳролуд намуда, сабаби осеб дидани асаб мегардад ва ҳатто марг ба дунбол дорад. Заҳролудшавии оммавии мардум аз истеъмоли гандуми покнашуда соли 1992 дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. Дар он замон дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ садҳо нафар ба бемории гелеотроп печиданд, ки аз миёни онҳо беш аз сад нафар ба ҳалокат расида ва қисмати дигар маъюб шуданд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG