Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашиданд


Раиси корхонаи хусусии "Чорсабз" дар Душанбе ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид. Рустам Хоҷаев - раиси ин корхонаи хусусӣ иддао дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо судури як дастури ғайриқонунӣ иншооти ниматамоми пойгоҳи тухмипарвариро, ки соли 1999 аз тариқи музояда хусусӣ шудааст, мехоҳад бозпас бигирад.
Ба гуфтаи Хоҷаев, дар марҳалаи аввали муҳокима дар додгоҳи иқтисодӣ аз сӯи давлат муовини додситонии кулли кишвар ширкат карда ва натоиҷи музоядаи соли 1999-ро таҳти суол қарор дод, вале додгоҳ даъвои ӯро ба иллати набуди далел напазируфт.
Мурод Дустмуродов - мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба намояндагӣ аз ҳукумат дар муҳокимаи додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳузур дошт, гуфт иншооти мазкур бо нақзи муқаррарот ба моликияти хусусӣ табдил шудааст.
Аммо Рустам Хоҷаев - раиси корхонаи хусусии "Чорсабз" мӯътақид аст, бинои мазкурро бо риояти ҳамаи меъёрҳо аз дасти нафари дуввум харидорӣ кардааст ва дар муомилоти онҳо ҳеҷ амали хилофи қонун сурат нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол ба иттиллои як манбаи огаҳ аз қазияи мазкур, азбаски иншооти ниматамоми пойгоҳи тухмипарварӣ дар ҳудуди замини барои пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе пешбинишуда ҷо гирифтааст, ҳукумат ҳатман онро бозпас хоҳад гирифт.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG