Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умеду ноумедиҳои Ҳизби наҳзати ислом


Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, омодааст, аз тариқи ҳавзаи ҷумҳуриявӣ, ё феҳрасти ҳизбӣ ва ҳам аз ҳавзаи инфиродӣ дар интихоботи ояндаи парлумонӣ ширкат кунад. Қарор аст, интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда баргузор гардад. Муҳиддин Кабирӣ, ки яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистон аст, гуфт: Оне, ки дар рӯйхати ҳизбӣ талош мекунам, дар яке аз ҷойҳои муносиб бошам, ин аниқ аст. Эҳтимоли аз яке аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам ба ҳайси номзад сабти ном ҳам вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар фикр мекунам, барои сиёсатмадорони насли мо ворид шудан ба маъракаҳои интихоботӣ ин як тамрин аст, новобаста аз он ки мо дар он ғалаба мекунем ва ё не.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000-ум дар ҳавзаи ноҳияи Файзобод дар рақобат бо номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳизби раиси ҷумҳури Тоҷикистон дучори шикаст шуд. Оқои Кабирӣ дар он вақт натиҷаҳои интихобот дар ин ҳавзаро пуртақаллуб хонда буд.

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳоло ҳам ба интихоботи ояндаи парлумонии ин кишвар бо хушбинӣ наменигарад. Ба эътиқоди ӯ, паёмади ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ ибрати афроди мансабдор нашудааст ва онҳо аз вазифаи худ сӯистифода карда ба ҷараёни интихобот дахолат мекунанд. Вале бо вуҷуди ин мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ ҳизби онҳо қасд дорад, дар интихоботи ояндаи парлумонӣ соҳиби курсиҳои бештар шавад: "Агар интихобот аз рӯи инсоф гузарад, ҳадди аққал баъзе меъёрҳои демокративу қонунӣ риоя шаванд, ман фикр мекунам, ҳизби мо метавонад, як фраксияи худро дар парлумон дошта бошад. Мо шояд аз рӯзи рӯйхат то панҷ нафар ворид кунем, вале аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам ният дорем, ки як ё ду нафар ҳатман ворид шавад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ танҳо ду ҷойро дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG