Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии низоъи Исроилу Фаластин дар Душанбе


Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Эммануел Мел - сафири тозатаъйини давлати Исроил дар ин кишвар бар зарурати ҳалли мусолиматомези муноқишаи Исроилу Фаластин таъкид карданд. Эммануэл Мел пас аз дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, масоили тақвияти ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар дар бахшҳои тиҷорат, кишоварзӣ, фарҳанг ва беҳдошт баррасӣ шудааст.
Сафири давлати Исроил ҳамчунин гуфт, роҳи ҳалли осоиштаи муноқишаи Исроил ва Фаластин яке дигар аз мавзӯоти сӯҳбати ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Эммануел Мел - сафири давлати Исроил дар иртибот ба вазъи сиҳатии Ёсир Арафот - раҳбари давлати худгардони Фаластин ва масъалаи иҷозаи давлаташ барои дафни Ёсир Арафот дар хоки Байтулмуқаддас гуфт, он чӣ, ки марбут ба марги Арафот аст, ин як амри табиист, зеро ӯ марди пир аст ва ҷавон нест. Аммо гуфт вай, дар мавриди макони дафни ӯ, ки куҷо хоҳад буд, баъди тасдиқи марги ӯ ин масъала мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG