Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкум ба зиндон шудани 20 нафар


Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи сешанбеи 9-уми ноябр бист сокини шаҳри Хуҷандро бо ҷурми фаъолият дар созмони мамнӯъшудаи Ҳизб-Ут-Таҳрир аз 3 то 8 соли зиндон маҳкум кард. Ин афродро додгоҳ дар барангехтани кинаву адовати миллӣ-мазҳабӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунии Тоҷикистон муҷрим шинохт. Ҳизб-Ут-Таҳрир созмони тундравест, ки мехоҳад, дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ хилофати исломӣ бунёд кунад.
Насим Эҳсонов - додгустари раиси мурофиа зимни эълони ҳукм изҳор дошт, додгоҳ ҳамаи 20 тан муттаҳаминро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, ки додситон онҳоро айбдор медонист, гунаҳкор нашумурд.
Ба гуфтаи раиси мурофиа, ду нафар аз ҷумлаи 20 фарди маҳкумшуда - Инъом Ҷалолов ва Баҳодур Шарифов мутаносибан ба мӯҳлатҳои 8 ва 7 ва нафарони боқӣ аз 3 то 5 сол ба ҳабс маҳкум гардидаанд. Дар байни маҳкумшудагон як табааи рустабори Тоҷикистон Олег Немчинов ва як корманди собиқи кумитаи амнияти ин кишвар Абдуҳамид Ёқубов низ ҳастанд. Мурофиа дар толори додгоҳи вилояти Суғд таҳти чораҳои шадиди амниятӣ сурат гирифт. Муттаҳамин зери назари даҳҳо кормандони интизомиву амниятӣ ва сагҳои нигаҳбон ба толори мурофиа дароварда шуданд.
Бист нафар ҷавони маҳкумшуда аз 19 то 40 сол доранд ва дар ибтидои соли 2004 зимни нишаст дар як чойхонаи шаҳри Хуҷанд ва сипас ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯии мақомоти амниятии Суғд боздошт шуданд. Маҳмуд Сотиболдиев, яке аз вакилони дифоъи маҳкумшудагон, ҳукми додгоҳи Суғдро нисбат ба ин афрод хонд ва гуфт, мақомоти интизомӣ бо истифода аз азияту шиканҷа онҳоро маҷбур кардаанд, то иттиҳомотро эътироф кунанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG