Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои нави Ҷопон барои Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст кӯмакҳои худро ба Тоҷикистон дар соли 2005-ум афзоиш диҳад. Юичи Кучумото - сафири нави Ҷопон дар Тоҷикистон пас аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмонов, рӯзи сешанбе, 9 ноябр дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, феълан созишномаи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон таҳия мешавад ва ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, чанд тарҳи марбут ба корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикаи ин кишварро сармоягузорӣ намояд.
Сафири Ҷопон ҳамчунин афзуд, то кунун беш аз 300 нафар мутахассиси тоҷик дар Ҷопон таҳсил намудаанд ва қарор аст, беш аз 500 нафар мутахасисси тоҷик дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла андоз ва молиёт, муносиботи бозаргонӣ, кишоварзӣ ва мошинсозӣ дар Ҷопон такмили ихтисос намоянд.
Дар ҳамин ҳол Ғафур Расулов - сухангӯи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, намояндагони ҳукумати Ҷопон чанд рӯз қабл дар ҳамоиши кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон дар Душанбе изҳори омодагӣ карданд, ки чанд тарҳи ҷадид марбут ба соҳаи иқтисод, беҳдошт ва маорифро дар ҳаҷми 8 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд. Тибқи иттилоъи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз соли 2003 то кунун Ҷопон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт кардааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG