Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои Ҳилоли аҳмар ба қурбониёни минаҳо


Масъулини Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар як тарҳи кӯмакиро барои хонаводаҳои осебдидагон аз инфиҷори мина татбиқ хоҳанд кард. Роҳандозии ин тарҳ, имкон медиҳад, дар марҳалаи аввал ҳудуди 60 хонаводаи зарардидагон ва қурбониёни мина аз кӯмакҳои Ҷамъияти ҳилоли аҳмар баҳраманд гарданд.
Маҳмадшоҳ Махшулов - сухангӯи матбуотии Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар робита ба роҳандозии барномаи нави ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, хазинаи иҷрои он аз сӯи давлати Итолиё пардохт ва тавассути Барномаи рушди созмони милали муттаҳид ба марҳалаи иҷро медарояд. Оқои Махшулов афзуд, барои иҷрои барномаи кӯмак ба осебдидагони инфиҷор аз мина дар қадами аввал 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст ва он умдатан якҷо бо маркази миллии минрубии Тоҷикистон қарор аст, дар ду қисмати кишвар водии Рашт ва вилояти Суғд мавриди иҷро қарор гирад.
Ба гуфтаи номбурда, шумори осебдидагон аз таркиши мин дар манотиқи шимол ва шарқи Тоҷикистон кам нест, вале гуфт ӯ, мушаххасан доираи иҷрои тарҳи мавриди назар се деҳро дар манотиқи водии Рашт ва се деҳи дигарро дар навоҳии шимоли Тоҷикистон дар бар мегирад. Бар асоси иттилоъи Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон, то кунун дар манотиқи мухталифи ин кишвар бар асари бархӯрд бо мин 180 нафар афроди бегуноҳ ҳалок шуда, 170 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Холиқи Сангин, Рашт
XS
SM
MD
LG