Пайвандҳои дастрасӣ

Нақзи ҳуқуқ ва ё саркашӣ аз риояи қонун?


Мушкилоти гирифтани шиноснома бо аксҳои русаридор танҳо хоси ноҳияи Исфара нест. Ин гуна занону духтароне, ки танҳо ба сабаби ризоят надодан ба аксбардории сарлуч аз гирифтани шиносномаи Тоҷикистон худдорӣ кардаанд, дар шаҳру навоҳии дигари вилояти Суғд, бахусус дар деҳот кам нестанд. Як ҷавондухтари конибодомӣ, муҳассили яке аз макотиби олии Хуҷанд, ки аз муаррифии номаш худдорӣ варзид, дар сӯхбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар идораи шиносномадиҳии ноҳияи Конибодом ба вай гуфтаанд, бо сатри аврат ва русарӣ шиноснома гирифтан мумкин нест. Вай афзуд, ба ин сабаб феълан шиносномаи Тоҷикистонро надорад ва умедвори он аст, кай қонуни Тоҷикистон тағйир мехӯрад ва ба бонувон иҷозаи гирифтани шиносномаҳои борусарӣ медиҳад ва ӯ ҳам соҳиби шиноснома мегардад.

Идораи шиносномадиҳии Хуҷанд надодани шиносномаи дохилӣ бидуни аксҳои сарлучро ба як дастури вазорати умури дохилаи Тоҷикистон марбут медонад. Тибқи ин дастур аз ибтидои соли 1998 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз ҷинсият, муқаррароти ягона барои гирифтани акси шиноснома муайян шудааст. Инъомҷон Ҳусайнов, корманди идораи шиносномадиҳии Хуҷанд мегӯяд, тибқи ин дастур бояд занҳо бе рӯймол ва сатри аврат ва мардон бе тоқӣ ва дигар навъи сарпӯш расм гиранд. Ба гуфтаи вай, танҳо дар як маврид, ҳангоми сафари ҳаҷ ва ё кишварҳои исломӣ ба занҳои Тоҷикистон иҷозаи дар шиносномаҳои хориҷии худ ҷой додани аксҳои бо сатри аврат ва ё русарӣ дода шудааст.

Ба гуфтаи корманди идораи шиносномадиҳии Хуҷанд, шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ ба ҳамин тартиб дода хоҳанд шуд. Аммо аз нигоҳи коршиносони маҳаллӣ ин нукта баҳси бонувони исломии Суғдро, ки мехоҳанд дар шиносномаҳои худ аксҳои борусариашонро бубинанд, шиддати бештаре бахшидааст. Бонувони мазҳабӣ талаби идораҳои шиносномадиҳиро дар мавриди сарлуч акс бардоштан як навъ нақзи ҳуқуқи худ арзёбӣ мекунанд. Яке аз чунин бонувон бидуни ифшои номи худ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистоне, ки худро озоду демократӣ эълон кардааст, бояд ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дода шавад, ҳар либосеро мехоҳад, дар бар намояд ва бо он расм бигирад ва он расмҳоро дар ҳуҷҷатҳояш ҳам ҷой дода тавонад. Вале дар идораи шиносномадиҳии Хуҷанд аз ҷавоби ин савол, ки оё манъи иҷоза ба бонувони маҳаллӣ барои дар шиносномаҳояшон ҷой додани аксҳои борусарӣ як нав поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои мазҳабии онон нест, худдорӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG