Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои идораи шиносномадиҳӣ ва бонувон


Беш аз ҳазор бону дар ноҳияи Исфара, 130 километрии ҷанубу-шарқи шаҳри Хуҷанд, ба сабаби ризоят надодан ба аксбардории берусарӣ то кунун натавонистаанд, соҳиби шиносномаҳои тоҷикӣ гарданд. Идораи шиносномадиҳӣ хостааст, дар шиносномаҳои занҳо мувофиқи муқаррароти ягона дар Тоҷикистон танҳо аксҳои берусарии онҳоро ҷой диҳад, аммо занҳову духтарон расми бесарбандро мухолиф ба ақидаи исломӣ дониста, аз чунин аксбардорӣ саркашӣ кардаанд.
Абдусаттор Бобоев, сарвари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара гуфт, зиёда аз чорсад нафар бонуе, ки дар ноҳияи Исфара бо расмҳои русаридор шиноснома гирифта натавонистаанд, ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ба қавли вай, шумораи чунин занон, ки аз шиноснома маҳруманд, беш аз ҳазор нафар мебошад. Оқои Бобоев афзуд, баҳси бонувони маҳал бо мақомоти Исфара дар бораи дарёфти иҷоза барои аксҳои бо русарӣ аз замони ҷорӣ шудани шиносномаи миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон натиҷаи мушаххасе ба бор наовардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG