Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Чароғи Рӯз" дар Маскав чоп шудааст


Ахиран дар шаҳри Маскав шумораи нави нашрияи мустақили "Чароғи Рӯз" чоп шудааст.
Сардабир ва муассиси "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовуллоҳ мегуяд, як бахши аъзами ин шумора ба масоили сафари президенти Русия ба Тоҷикистон ва интихоботҳои қарибулвуқуъ бахшида шудааст.
Дар ин шумора ҳамчунин гуфтугуе бо раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт, ашъори нави Бозори Собир ва як матлаби дигар дар бораи маҳофили сиёсие нашр шудааст, ки ба ақидаи муаллифи "Чароғи Рӯз", раҳбарии пасипардагии масоили сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро маҳз онҳо анҷом медиҳанд.
Сардабири "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атоулло мегӯяд, онҳо то ҳол иҷозаи ба таври озод паҳн кардани ин нашрия дар Тоҷикистонро пайдо накардаанд.
"Чароғи Рӯз" нашрияи мустақилест, ки аз соли 1993 дар хориҷ аз Тоҷикистон ва умдатан дар Маскав ба нашр мерасад.
XS
SM
MD
LG