Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 000 000 евро кӯмаки Олмон ба Тоҷикистон


Бонки Тавсиъаи Олмон бо ихтисоси 9 миллион евро тасмим гирифтааст, дар амри рушди бахшҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм бигирад. Бино ба иттилоъи вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, дар ин замина миёни намояндагии Бонки Тавсиаи Олмон ва вазорати мазкур 6 қарордод имзо шудааст.
Бар асоси ин қарордодҳо, ҷониби Олмон тавассути Бонки Тавсиаи ин кишвар барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион евро кӯмаки бебозгашт ҷудо менамояд. Клоупен Бург - муовини раҳбари Бонки Тавсиаи Олмон бо ибрози ин матлаб гуфт, 6 миллион евро барои соҳоти иҷтимоӣ ва 3 миллион еврои дигар барои тавсиаи тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ масраф мегардад.
Маъруф Сайфиев - муовини вазири иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ироаи кӯмаки билоиваз аз суи Олмонро як иқдоми пурарзиш барои рушди соҳибкорӣ ва бахшҳои иҷтимоии иқтисоди Тоҷикистон номид ва гуфт, ин кӯмак ба пешрафти соҳаҳои ёдшуда мусоидат менамояд.
Мувофиқи иттилоъи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми табодули мол дар миёни ин ду кишвар танҳо дар 8 моҳи соли равон ба 22 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG