Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни Асосии Тоҷикистон як даҳаро пушти сар кард


Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як ҳамоиш ба хотири 10-умин солгарди қабули Қонуни Асосии ин кишвар гуфт, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ пас аз Русия дуввумин кишваре буд, ки Қонуни Асосии худро таввасути раъйпурсии умумӣ қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳоле сурат гирифт, ки дар кишварҳои собиқи шӯравӣ чанд сол қабл аз тариқи раъйдиҳӣ дар парлумон Конститутсияҳои худро қабул карда буданд.
Раҳмонов гуфт, бисёриҳо пешниҳод мекарданд, ки лоиҳаи конститутсия дар парлумон қабул шавад, аммо мо ба ҳамин роҳ пеш рафтем, яъне аз тариқи раъйпурсӣ. Бисёриҳо аз мо хафа шуданд, ҳатто баъзан ҷумҳуриҳо низ.
Эмомалӣ Раҳмонов зимни сухаронӣ ҳамчунин ба мушкилоти донишандӯзӣ дар Тоҷикистон тавваҷӯҳ кард ва фаъолияти бархе аз масоҷид ва рӯҳониёни кишварро танқид намуд. Ба гуфтаи Раҳмонов, рӯҳониёни бархе аз масоҷид хилофи қавонини шариат ва дини ислом мардумро гумроҳ мекунанд. Ӯ афзуд, дар ҳоле, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фитна дар намозгузорӣ Шӯрои уламои кишвар намозгузории занонро дар масоҷид мамнӯъ эълон кардааст, баъзе сарони масоҷид бо ҷалби намоишкоронаи занон ба масҷидҳо мардумро ба шӯр меоранд.
Раҳмонов гуфт: "Мо фарзандони худро аз омӯхтани илму техника манъ мекунем. Барои чӣ? Ва имрӯз мегӯем, ки нерӯгоҳи Роғунро сохта наметавонем. Се сол боз аст, мехоҳем, чор ҳавопаймои Боинг бигирем, наметавонем, зеро кадр надорем."
Сарқонуни Тоҷикистон 10 сол қабл шашуми ноябри соли 1994 дар ҳоле, ки дар кишвар оромии сиёсӣ пойдор набуд ва мардум рӯ ба якдигар дар сангарҳо қарор доштанд, қабул гардид. Баъдан соли 1999 бо талаби Комиссияи оштии миллӣ, ки бо иштироки намояндагони гурӯҳҳои мухолиф созмон ёфта буд, ба Сарқонуни ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, аммо бо пешниҳоди вакилони парлумон аз Ҳизби халқӣ демократӣ тобистони соли 2003 қисмате аз ин бандҳои Қонуни Асосии Тоҷикистон дубора ислоҳ шуданд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG